Бахшида ба Рӯзи даъватшаванда дар Ашт ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
СУҒД, 03.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар майдони Парчами давлатии ноҳияи Ашти вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи даъватшаванда таҳти шиори «Хизмат ба Ватан қарз аст» ҳамоиши тантанавӣ доир гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Ашт.
Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки бояд ҳар афсару сарбози шуҷои ҷумҳурӣ ҳидоятҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Генерали артиш Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кор қарор дода, ҳамчун сипари боэътимоди Ватан дар иҷрои вазифаҳои хизматиашон ҳамеша ҳушёру зирак бошанд ва ҳаргиз фаромӯш накунанд, ки фазои орому осудаи имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бар ивази ҷони садҳо нафар ҷавонмардони бо нангу номуси миллат ба даст омадааст.
Даъватшаванда аз Ҷамоати шаҳраки Шайдон Шодруз Тошматов, сарбози қаторӣ аз қисми ҳарбӣ Меҳровар Мерганов, падари даъватшаванда Илҳом Машарипов аз Ҷамоати деҳоти Понғоз, Марворид Муминова аз Ҷамоати шаҳраки Шайдон ва собиқадори меҳнат Тошмуҳаммад Ёрматов дар назди ҳозирин оид ба мояи ифтихор будани хизмат ба Ватан сухан гуфта, ҷавононро ба дӯст доштани Ватан ва хизмати содиқона ба он даъват намуданд.
Раиси ноҳия ба даъватшудагоне, ки даври омӯзиши кӯтоҳмуддати ронандагиро хатм намудаанд, дар фазои тантанавӣ шаҳодатномаи ронандагӣ супорид.
Дар идома волидайне, ки зиёда аз 3 фарзандашон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматро иҷро менамоянд, бо Сипоснома ва туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қадршиносӣ шуданд.
Дар фарҷом барномаи театрӣ ва рақсҳои ҷаззобу сурудҳои дилнишин табъи ҳозиринро болида намуданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Ашт








Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Хадамоти ҳифзи давлатии объектҳо оид ба муҳофизати шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт бо нақлиёти махсуси оташнишонӣ таъмин гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Муъминобод ба 20 ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд






