Байни Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва ширкати «361»-и Чин созишнома ба имзо расид

Апрель 15, 2024 16:19

ДУШАНБЕ, 15.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Сиамени Ҷумҳурии Мардумии Чин байни Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Ширкати «361»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Созишномаи сарпарастӣ ба имзо расид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад, созишнома аз ҷониби ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва роҳбари аввали Ширкати «361» ба имзо расонида шуд.

Дар асоси ин созишнома Ширкати «361» ҳайати олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Бозиҳои 33-юми тобистонаи олимпии Париж – 2024 бо либосҳои расмӣ ва варзишӣ таъмин менамояд.

Зимни баимзорасонии Созишномаи сарпарастӣ ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои омода намудани тарҳи либоси варзишии ҳайати олимпии мамлакат дар асоси рангҳои Парчами давлатӣ, шумораи либосҳо, андозаҳо, номгӯ, ҳамлу нақли либосҳо ва дигар корҳои ташкилиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Мавриди ёдоварӣ аст, ки дар асоси созишномаи ҳамкории қаблӣ Ширкати «361» ҳайати дастаи ҷумҳуриро дар Бозиҳои Осиёи Ҳангжоу бо либоси варзишӣ таъмин намуда буд.

АКС: Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон

Апрель 15, 2024 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад