Байни Тоҷикистон ва Русия Харитаи роҳ оид ба рушди самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ барои солҳои 2024-2025 баррасӣ шуд

Апрель 3, 2024 10:30

ДУШАНБЕ, 03.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади баррасӣ ва ниҳоӣ намудани Харитаи роҳ оид ба рушди самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ барои солҳои 2024-2025 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия вохӯрии онлайнии намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Федератсияи Русия баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар доданд.

Зимни вохӯрии маҷозӣ ҷонибҳо доир ба масъалаҳое, ки барои амалисозии Харитаи роҳ оид ба рушди самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ барои солҳои 2024-2025 байни вазоратҳои тандурустии ду давлат дар назар гирифта шудаанд, мубодилаи афкор намуданд.

Аз ҷумла, дар доираи амалисозии харита ҳамкорӣ дар бахшҳои ихтисоси мутахассисони Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таҷдиди заминаи меъёрию ҳуқуқӣ, таҳкими низоми стандартизатсия, назорати маводи доруворӣ, иштироки муштарак дар чорабиниҳои илмӣ ва илмию амалӣ, мубодилаи таҷриба дар соҳаи пешгирӣ, ташхис ва табобати бемориҳои музмини ғайрисироятӣ, тайёр намудани мутахассисони соҳаи тиббӣ ва фарматсевтӣ ва дигар масъалаҳои соҳа дар назар дошта шудааст.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 3, 2024 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид