Бар асари бориши зиёд ва фурӯравии замин роҳи мошингарди Восеъ-Ховалинг баста шуд

Апрель 30, 2024 15:24

ДУШАНБЕ, 30.04.2024 /АМИТ «Ховар»/.  29 апрел, соати 19:09 бар асари бориши боронҳои пай дар пай  дар ноҳияи Ховалинг дар километри 60400-и шоҳроҳи автомобилгарди дорои аҳамияти ҷумҳуриявии самти ноҳияи Восеъ-Ховалинг, дар ҳудуди ноҳияи Ховалинг фурӯравии роҳ бо дарозии 30 метр ва паҳнои 3,5 метр сабт шуд. Дар  ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба  бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон хабар медиҳад.

Дар айни замон роҳ дар ин мавзеъ муваққатан баста аст.

Тибқи  маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, шабонарӯзи оянда дар баъзе ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд ва ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари омадани сел, болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки аз қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, дар назар аст.

Дар иртибот ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони  мамлакат  мерасонад, ки дар ин рӯзҳо аз рафтан ба соҳили дарёҳо, кӯҳ ва доманакӯҳҳо худдорӣ кунанд.

Сокинон бояд қабл аз омадани сел ҷӯйборҳо, канал ва селроҳаҳоро сари вақт аз ҳар гуна хасу партов ва сангу рег тоза намоянд.

 АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 30, 2024 15:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд