«БАРОБАРИИ ГЕНДЕРӢ– ҲАДАФИ РУШДИ УСТУВОР». Дар Душанбе вохӯрии занони Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд

Апрель 20, 2024 09:37

ДУШАНБЕ, 20.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, 18 апрел дар меҳмонхонаи «Серена»-и шаҳри Душанбе дар мавзуи «Баробарии гендерӣ – ҳадафи рушди устувор» ҳамоиш баргузор гардид, ки дар он занони фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон иштирок намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҳамоиш бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд.

Дар вохӯрӣ аз ҷониби занон — намояндагони Тоҷикистон ва Узбекистон доир ба масоили баробарии гендерӣ, баланд бардоштани мақому мартабаи зан дар ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои занон, рушди соҳибкорӣ миёни бонувон табодули андешаҳо доир шуд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ байни Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода ва раиси Кумитаи оила ва занони Ҷумҳурии Узбекистон Озода Парпиева санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд.

АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 20, 2024 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд