Барои ифротӣ нагаштани ҷавонон таваҷҷуҳи онҳоро ба илму дониш ва касбу ҳунаромӯзӣ бояд ҷалб намуд

Апрель 11, 2024 15:56

ДУШАНБЕ, 11.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон,  намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат, ки 9 марти имсол доир гардид, дар Бонки миллии Тоҷикистон  бо иштироки кормандон ҳамоиш баргузор шуд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Бонки миллии Тоҷикистон.

Дар ҳамоиш узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳасан Баротзода дар  мавзуи «Пешвои миллат ва худшиносии миллию динии аҳли ҷомеа» маъруза намуда, иброз дошт, ки Сарвари давлат дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат паҳлуҳои гуногуни бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо,  тафриқаву низоъҳои диниву мазҳабӣ, густариши бесобиқаи ҳодисаҳои марбут ба терроризму экстремизми динии ҷаҳони муосирро, ки имрӯз василаи истифодаи қувваҳои гуногуни манфиатхоҳ гардидаанд, таҳлил намуда, ба ҳифзи истиқлолияти сиёсию фарҳангии Тоҷикистон ва гиромидошти арзишҳову муқаддасоти миллӣ ишора намуданд.

Дар такя ба суханронии Пешвои миллат таъкид гардид, ки ояндаи Тоҷикистон маҳз аз сатҳи маърифати мардум ва пешрафти илму техника вобаста буда, барои ифротӣ нагаштани ҷавонону наврасон таваҷҷуҳи онҳоро бояд бештар ба илму дониш ва касбу ҳунар ҷалб намуд. Ба илмҳои дақиқу риёзӣ диққат дода шуда, техникаву технологияҳои навтарин бояд аз худ шаванд, то сатҳу сифати зиндагии мардумамон баланд гардад.

Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қонунҳои одӣ набуда, дар ислоҳоти маънавию иҷтимоии мамлакат ва ташкили фазои мафкуравии озод аз хурофоту таассуб нақши муҳим мебозанд.

Дар анҷоми ҳамоиш аз раванди  корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар тамоми ҷумҳурӣ сухан гуфта, иштирокдорон даъват шуданд, ки дар корҳои ободониву созандагии ҷумҳурӣ  саҳми арзанда гузоранд.

 АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

 

Апрель 11, 2024 15:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1030 то 0.1144 сомонӣ муқаррар шудааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад