Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 47 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонида шуд
ДУШАНБЕ, 25.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 25 апрели соли 2024 гурӯҳи чоруми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо теъдоди 47 нафар (13 оила) занону кӯдакон (15 зан, 17 духтар, 15 писар) тавассути ҳавопаймои махсус аз Ҷумҳурии Арабии Сурия ба Ватан баргардонида шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе нафарони ба Ватан баргардонидаро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирдавс Ҳаётзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулло Раҳмонзода, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва дигар шахсони масъул пешвоз гирифтанд.
Дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои мушаххас давоми солҳои 2019-2023 дар се марҳила зиёда аз 300 нафар занону кӯдакони тоҷик аз Ҷумҳурии Ироқ ва Ҷумҳурии Арабии Сурия ба Ватан баргардонида шуданд.
Боиси тазаккур аст, ки таҷрибаи Тоҷикистон оид ба баргардондани шаҳрвандони мамлакат аз минтақаҳои ҷангзада ва кор бо онҳо ҳамчун таҷрибаи мусбат шинохта шудааст.
Занону кӯдакони баргардондашуда пас аз гузаронидани корҳои офиятбахшӣ ва ҳамгироии иҷтимоӣ ба муҳити оила баргардонда мешаванд.
Масъалаи барқарорсозӣ, ба ҳаёти муқаррарӣ мутобиқ намудан ва бо ҷойи кору таҳсил таъмин намудани занону кӯдакони аз минтақаи амалиётҳои ҷангӣ баргардондашуда зери таваҷҷуҳи махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»













Бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар Суғд 5 ҳазору 500 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ карда шуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ҳангоми интиқоли маблағ ба кортҳои шахсони ношинос ба чӣ бояд диққат дод?
Дар Алмато платформаи миллии рақамии тандурустии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Мактаб, оила ва ҷомеа — се неруе, ки бояд иттиҳоди ҳамешагӣ дошта бошанд
20 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТОЗАГӢ. Маданияти шаҳрнишиниро риоя бояд кард!
Ҷавонони Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии ҷавонон-2026 дар Екатеринбург иштирок намуданд
Дар Душанбе «Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026» ҷамъбаст гардид
Байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Вазорати идоракунии ҳайати Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






