БО КВОТАИ «ДУРАХШАНДАГОН»-МАШҲУР ДАР ҶАҲОН. Донишҷӯёни тоҷик бо таҳсили намунавӣ дар рейтинги аввал қарор доранд

Апрель 16, 2024 16:21

ДУШАНБЕ, 16.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар соли таҳсили 2024-2025  119 квота дар зиёда аз 100 ихтисос барои  таҳсил дар мамлакатҳои хориҷӣ тавассути Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Дурахшандагон» пешбинӣ гардидааст, ки довталабон метавонанд  ҳуҷҷатҳояшонро пешниҳод карда, дар озмун иштирок намоянд. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» директори Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» Рамазон Одиназода иттилоъ дод.

Ба гуфтаи директори марказ, давоми ду сол: 2022-2024 беш аз 200 нафар тавассути Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада, Италия, Британияи Кабир, Олмон, Швейтсария, Фаронса ва дигар давлатҳои пешрафта таҳсилро идома медиҳанд.

«Мояи ифтихор аст, ки дар байни шаҳрвандони хориҷӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми гузаронидани мониторинги таҳсил аз ҷониби муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳамон давлатҳо рейтинги аввалро ишғол менамоянд», — гуфт мавсуф.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, яке аз гирандагони Стипендияи президентӣ Билол Дустов мебошад, ки дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар шаҳри Ню-Йорк зинаи бакалавриати аудити молиявӣ меомӯзад. Ӯ тибқи мониторинг ба даҳгонаи беҳтарин донишҷӯёне, ки бо баҳои аъло мехонанд, дохил гардидааст. Ҳамзамон докторант Назрулло Раҳимов дар айни замон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар зинаи докторантура таҳсилашро идома дода истодааст. Мавсуф давоми таҳсил тавонист, ки навгониҳои илмиро аз бар карда, соҳиби сертификати байналмилалӣ гардад.

Дар баробари ин донишҷӯён ҳамзамон шаҳрвандони дигари тоҷик дар Англия, Италия ва Олмон аз рӯи мониторинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ин давлатҳо ба даҳгона ва рйтинги рақами як дохил шудаанд, ки мояи ифтихори миллати тоҷик мебошанд.

«Бо боварӣ гуфта метавонем, ки ин мутахассисон баъди таҳсил ба Ватан баргашта, дар рушди соҳаҳои хоҷагии халқ саҳми назаррас  мегузоранд. Зеро тибқи созишнома ва шартномаҳои сеҷонибае, ки ғолибони озмуни Стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон» бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дахлдор ба тасвиб расонидаанд, уҳдадор мебошанд, ки 5 сол дар мамлакат дар соҳаи омӯхтаашон фаъолият намоянд», -гуфт мавсуф.

Ба иттилои Рамазон Одиназода, тибқи талаботи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ғолибони озмуни Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ду шартнома ба имзо расонида мешавад- яке шартномаи ташкили раванди таҳсил ва дигар шартномаи замонат.

«Тибқи ин шартномаҳо довталаб на танҳо баъд аз таҳсил, балки дар ҷараёни таҳсил низ аз ҷониби Марказ дар ҳамоҳангӣ бо муассисаҳои олии касбии давлатҳои хориҷӣ назорат карда мешавад ва уҳдадор аст, ки дар ҷараёни таҳсил бо баҳои хубу аъло хонад, мушкилот ба вуҷуд наорад, ҳатто тарки таҳсил накунад, зеро агар  донишҷӯён бо баҳои хубу аъло таҳсил накунанд ё ин ки таҳсили худро идома дода натавониста, аз  курси 1 ё 2 хориҷ шаванд, он маблағе, ки то ин давра хароҷот шудааст, дар асоси шартномаи замонат аз волидайни онҳо ба фоидаи давлат баргардонида мешавад. Ин ҳам таҷрибаи байналмилалӣ аст», — гуфт ҳамсуҳбати мо.

Ба иттилои директори муассиса, аз соли 2022 инҷониб донишҷӯёне, ки тибқи шартномаи ин марказ дар хориҷи мамлакат таҳсил мекунанд, ягон мушкилӣ ба миён наоварда, баръакс, дар рейтинги рақами якум қарор доранд.

«Давоми солҳои фаъолияти марказ беш аз ҳазор шаҳрвандони мамлакат, ки муассисаҳои олии касбии давлатҳои хориҷиро хатм намудаанд, дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ фаъолият доранд. Баъзе нафарон аллакай роҳбари муассисаҳои олии мамлакат таъйин шуда, баъзеашон дар вазорату идораҳои мамлакат ба ҳайси муовини вазир, сардорони раёсат ва дигар вазифаҳои масъулиятнок фаъолият менамоянд»,-гуфт ӯ.


Ба иттилои номбурда, аз ҷумла давоми ду сол аст, ки беш аз 40 шаҳрванди Тоҷикистон дар донишгоҳҳои бонуфузи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ихтисосҳои гуногун меомӯзанд. Беш аз 10  шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар Амрико таҳсил доранд, аллакай соҳиби дастовард ва нишондиҳандаҳои илмӣ ва таҳсилӣ гардидаанд, ки ин ифтихори давлату миллати тоҷик мебошад.

«Аз ҷумла, тавассути Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Дурахшандагон» докторант Назрулло Раҳимов дар айни замон дар зинаи докторантура дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таҳсил дорад. Мавсуф давоми таҳсил тавонист, ки навгониҳои илмиро дар таҷриба омӯзад ва соҳиби сертификати байналмилалӣ гардад», -изҳор намуд ӯ.

Билол Дустов дар зинаи бакалаврияти аудити молиявӣ дар шаҳри Ню – Йорки Амрико таҳсил мекунад. Ӯ тибқи мониторинг ба даҳгонаи беҳтарин донишҷӯёне, ки бо баҳои аъло мехонанд, дохил гардидааст. Дар баробари ин дар Англия, Италия ва Олмон низ як зумра донишҷӯёни мо аз рӯи мониторинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар ин давлатҳо ба даҳгона ва ё рйтинги рақами яки беҳтарин донишҷӯёни хориҷӣ дохил шудаанд, ки мояи ифтихори миллати тоҷик мебошад.

Чунин донишҷӯён на танҳо дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, балки дар Британияи Кабир, Сингапур, Олмон ва дигар давлатҳо низ фаъолона таҳсил дошта, номбардори миллати сарбаланди тоҷик  гардидаанд. «Хароҷоти таҳсили ин донишҷӯён пурра аз ҷониби Фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт мешавад. Аз ҷумла, маблағи таҳсил, маблағи хобгоҳ, стипендияи ҳармоҳа ба маблағи 500 доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, суғуртаи тиббӣ, маблағи раводид, тамдиди раводид ва маблағи роҳкиро барои рафтану баргаштан давоми 4 сол пардохт карда мешавад», -афзуд Рамазон Одиназода.

Мавсуф иброз дошт, ки тибқи нақшаи дурнамое, ки аз рӯи дурнамои Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳия ва барои тасдиқ ба муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод мегардад, солҳои баъдӣ низ донишҷӯён дар хориҷи давлат он ихтисосҳоеро, ки дар муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ омода карда намешаванд, фаро мегиранд.

Ёдовар мешавем, ки Муассисаи давлатии Маркази барномаҳои байналмилалӣ соли 2009  бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шудааст. Ҳадаф аз таъсиси ин марказ рушд додани неруи инсонӣ, баланд бардоштани савияи донишу маҳорати ҷавонон ва пешорафту ояндаи босуботи Тоҷикистон мебошад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»

Апрель 16, 2024 16:21

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАРБИЯИ ФАРЗАНД-МАСЪУЛИЯТИ ПАДАРУ МОДАР. Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар ин мавзуъ вохӯрӣ доир шуд
Вобаста ба масъалаҳои мубрами филологияи Шарқ ва робитаҳои адабӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
МАОРИФ-СОҲАИ АФЗАЛИЯТНОК. Дар ноҳияи Ванҷ ин соҳа мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Донишгоҳи илм ва технологияи Шэнсии Чин ҳамкориро тақвият мебахшад
Дар шаҳри Ҳисор ҳамоиши гирандагони Стипендияи Президенти Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ конференсия баргузор гардид
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон бо Донишкадаи омӯзгории Узбекистон ва Финландия ҳамкориро густариш медиҳад
Дар шаҳри Норак раванди иҷрои Барномаи ғизои мактабӣ дар вилояти Хатлон баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо намояндагони донишгоҳҳои Русия омоданамоии мутахассисони соҳа баррасӣ шуд
«Тоҷикистон ва Чин: дар масири шарикии стратегӣ». Таҳти чунин унвон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ба шарафи Рӯзи илми тоҷик қадршиносии ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ доир гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд