БО УСУЛИ «ХОНА БА ХОНА». Дар шаҳри Левакант суҳбат ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд

Апрель 14, 2024 13:26

ДУШАНБЕ, 14.04.2024 /АМИТ «Ховар»/.  Дар кӯчаву маҳаллаҳои шаҳри Левакант бо усули «Хона ба хона» корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботӣ гузаронида шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад.

Гурӯҳи корӣ бо роҳбарии муовини раиси вилоят Анзурат Абдусаломзода дар кӯчаву маҳаллаҳои шаҳри Левакант бо мардум вохӯриву суҳбатҳо анҷом дод.

Ҳадаф аз вохӯрӣ- огоҳ шудан аз вазъи зиндагии мардум, мушкилоти иҷтимоӣ, кумак ба оилаҳои ниёзманд аз ҳисоби Фонди хайриявии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, таълимоти ғайрирасмии динӣ, инчунин ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва гулшинонию сабзкорӣ, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ» буд.

Ин ҳама корҳои фаҳмондадиҳӣ аз дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат зимни вохӯрӣ бо фаъолон ва ходимони дини мамлакат маншаъ мегиранд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

 

Апрель 14, 2024 13:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад