Дар Қазоқистон бар асари обхезиҳо қариб 98 ҳазор нафар тахлия шуданд
ДУШАНБЕ, 12.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи сокинони Қазоқистон, ки аз минтақаҳои обхезии васеъмиқёс берун оварда шудаанд, ба 98 ҳазор нафар наздик мешавад. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус ТАСС бо истинод ба хадамоти матбуоти Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон хабар додааст.
«Аз оғози сел 97 852 нафар наҷот ва тахлия карда шуданд, ки 32 856 нафарашонро кӯдакон ташкил медиҳанд. Дар нуқтаҳои ҷойгиркунии муваққатӣ 7173 нафар, аз ҷумла 3494 кӯдак мавҷуд мебошанд», — гуфта мешавад дар иттилоияи хадамоти матбуот.
3524 хонаи истиқоматии хусусӣ ва 502 ҳудуди ҳавлӣ дар вилоятҳои Акмолин, Актюбинск, Атирау, Қустанай, Қазоқистони Шимолӣ ва Қазоқистони Шарқӣ зери об мондаанд. Ишора гардид, ки ба минтақаҳои зарардида 170 635 кг кумаки башардӯстона расонида шудааст.
Аз сабаби обхезии моҳи март дар 10 минтақаи Қазоқистон вазъияти фавқулодаи миқёси маҳаллӣ эълон гардид. Ба корҳои садамавӣ-наҷотдиҳӣ зиёда аз 27 ҳазор нафар ва қариб 3 ҳазор техника ҷалб карда шуданд.
Акс: КАЗИНФОРМ








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид






