Дар Боку Форуми VI умумиҷаҳонии муколамаи байнифарҳангӣ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 14.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 то 3 май дар шаҳри Боку таҳти унвони «Муколама барои сулҳ ва амнияти ҷаҳонӣ: ҳамкорӣ ва амали мутақобила» Форуми VI умумиҷаҳонии муколамаи фарҳангӣ баргузор мешавад, хабар медиҳад Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил.
Мавзуи форум «Муколама барои сулҳ ва амнияти ҷаҳонӣ: ҳамкорӣ ва амали мутақобила» мебошад. Форум барои созмонҳои байналмилалӣ, пешвоёни бузург ва олимони муҳтарам баҳри иштирок дар мубоҳисаҳои пурмазмун оид ба масъалаҳои мубрами глобалӣ, ки аз ҳудуди миллӣ берун мебароянд, ҳамчун заминаи беназир ва арзишманд хизмат менамояд. Мавзуи имсола нақши муҳими ҳусни тафоҳум ва талошҳои муштаракро дар ҳалли мушкилоти мураккаби ҷаҳонӣ, амнияти ҷаҳонӣ ва ҳифзи мероси фарҳангӣ таъкид менамояд.
Давоми се рӯзи форум намояндагон имкон доранд, ки дар мубоҳисаҳои сатҳи баланд бо коршиносони маъруф ва шахсиятҳои барҷаста иштирок кунанд, роҳҳои ҳалли мушкилоти муҳими ҷаҳониро якҷоя ҷустуҷӯ ва робитаҳоро бо ҳамкасбони байналмилалӣ аз доираю ташкилоти гуногун барқарор намоянд.
АКС: Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил








Сокинони Бадахшон Рӯзи Парчами давлатиро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карданд
Дар Панҷакент Рӯзи Парчами давлатӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
24 НОЯБР — РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Он яке аз рамзҳои асосию муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад
Аз 1 январи соли 2027 тартиби содагардонидаи гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти таксӣ амалӣ мегардад
ҲАММАРОМИ «ДИРАФШИ КОВИЁН». Парчами давлатӣ танҳо рамз нест, балки нишони нангу номус, шараф ва ягонагии тамоми сокинони Тоҷикистон аст
Дар Душанбе таҳти унвони «Парчам – роҳнамои ояндаи босаодат» ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих
Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид






