Дар деҳаи Муъминободи шаҳри Ҳисор сохтмони бинои иловагии мактаб оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 24.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30-и шаҳри Ҳисор сохтмони бинои иловагии мактаб оғоз шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ доданд.
Бинои иловагӣ бо саҳми аҳолӣ ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сохта мешавад. Он аз ду ошёна- ошёнаи якум бо фарогирии 5 синфхона бо 250 ҷойи нишаст дар ду баст ва утоқи корӣ барои роҳбарияти муассиса иборат буда, дар ошёнаи дуюм маҷлисгоҳ бо 500 ҷойи нишаст бунёд мешавад.
Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Ҳисор дар саҳни муассиса бо омӯзгорон ва пирони рӯзгор – шахсони муътабари деҳаи Муъминободи Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод суҳбат намуда, онҳоро ба тарбияи фарзандони донишманду хушахлоқ ва соҳибкасб, ки оянда тавонанд содиқонаю софдилона ба манфиату пешрафти давлату миллат ва ободии Ватан хизмат намоянд, ҳидоят кард.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд






