Дар доираи Ҳафтаи илм оид ба мероси уран дар Осиёи Марказӣ конфронси байналмилалӣ баргузор гардид

Апрель 18, 2024 14:36

ДУШАНБЕ, 18.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Ҳафтаи илм дар шаҳри Душанбе зери унвони “Мероси уран   дар Осиёи Марказӣ: мушкилот ва дурнамо”   конфронси байналмилалӣ баргузор гардид. Конфронс аз ҷониби Иттиҳоди байналмилалии собиқадорони неруи атомӣ ва саноат, Созмони собиқадорони Тоҷикистон ва Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ташкил шуд. Дар ин хусус  ба АМИТ «Ховар» мудири шуъбаи  муносибатҳои байналмилалӣ ва  робита бо ҷомеаи Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Олимҷон Азизов  хабар дод.

Дар конфронс намояндагони Иттиҳоди байналмилалии собиқадорони неруи атомӣ ва саноат, Ташкилоти асосии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ, сӯзишвории истифодашудаи атомӣ ва аз истифода баровардани объектҳои хатарноки радиатсионии атомӣ, Шурои ҷамъиятии Корпоратсияи давлатии «Росатом», ташкилоти ветеранҳои урани Қирғизистон, Беларус, Узбекистон ва   Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва  ядроии Академияи илмҳои Тоҷикистон иштирок намуданд.

Дар маросими ифтитоҳи ҳамоиш ходими пешбари илмии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ,  раиси Созмони  собиқадорони уран дар  Тоҷикистон, академик   Улмас Мирсаидов табрикоти президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзодаро  ба ҳозирин расонид.

Раиси Созмони собиқадорони уран дар Тоҷикистон академик Улмас Мирсаидов гуфт, ки «ин конфронс барои мамлакати мо хеле муҳим аст. Зеро дар он мушкилоти воқеии партовҳои саноати уран мухокима карда мешаванд. Тавре маълум аст, дар қаламрави Тоҷикистон миқдори зиёди партовҳои уран боқӣ мондааст, ки барои беҳбуди вазъи экологӣ ва пешгирии офатҳои экологӣ тадбирҳои барқарорсозӣ зарур аст.  Дар Тоҷикистон якчанд чорабиниҳои барқарорсозӣ бо иштироки Корпоратсияи давлатии «Росатом» бомуваффақият анҷом ёфтанд. Мо ба нақш ва талошҳои  ин ниҳод, давлатҳои Иттиҳоди Аврупо ва Агентии байналмилалии неруи атомӣ дар ҳалли мушкилоти мероси урани Тоҷикистон баҳои баланд медиҳем».

Ин нахустин конфронси Иттиҳоди собиқадорони уран аст, ки чунин масъалаи мубрам  барои давлатҳои Осиёи Марказӣ, ба мисли ҳалли масъалаҳои мероси уранро баррасӣ намуд. Соли 2023 мутахассисони ширкати «Росатом» дар чаҳорчӯби тарҳи навсозии якчанд иншооти мавзеи саноатии Табошари Тоҷикистон корҳоро пеш аз муҳлат анҷом доданд. Фаъолият пас аз миёнаравӣ дар мавзеъҳои собиқ саноати истихроҷи уран идома меёбад, зеро онҳо аҳамияти хосса ва  ба рушди иҷтимоию иқтисодии маҳалҳои аҳолинишини ҳамшафати ин мавзеъҳо иртибот доранд».

Дар ҷараёни конфронс гуфта шуд, ки Созмони асосии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба идоракунии партовҳои радиоактивӣ инвентаризатсияи объектҳои мероси атомиро анҷом дод. Барои зиёда аз 150 объект шаҳодатнома тартиб дода шудааст. Дар Феҳристи таъсисдодаи объектҳо натиҷаи тадбирҳо оид ба таъмини амнияти экологӣ давоми 10 соли охир ба назар гирифта шудааст. Ҳадафи он баҳри ҳалли таҳияи лоиҳаи рафъи зарари ҷамъшуда, ташаккули дақиқи стратегияи истифодаи ояндаи иншоот мебошад, ки аз ҷониби мақомоти миллӣ муайян карда мешавад. Чунин стратегия бояд мувозинати байни интихоби технология ва ноил шудан ба дархостҳои аҳолӣ, сармоягузорони эҳтимолӣ ва ташкилотеро, ки иншоотро истифода мебарад, ифода кунад.

Иштирокчиён масъалаҳои муҳим, аз қабили арзёбии вазъи мероси уран ва таъсири он ба саломатии аҳолӣ ва муҳити зист, таҷрибаи беҳтарини ҷаҳонӣ оид ба беҳсозии минтақаҳои бо партовҳои уран олудашуда ва таҳияи стратегия ва нақшаҳои амал оид ба ҳалли мушкилоти ба мероси уран алоқамандро мавриди баррасӣ қарор доданд.

АКС: Шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ  ва робита бо ҷомеаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Апрель 18, 2024 14:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вобаста ба татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия вохӯрӣ баргузор гардид
Имсол зиёда аз 120 ҳазор нафар дар осорхонаҳои ҷумҳурӣ бо мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик шинос шуданд
Соли равон зиёда аз 5000 сайёҳ мавзеъҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистонро тамошо карданд
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон нахустин маротиба Фестивали либосҳои миллиро баргузор менамояд
Шоҳрух Юнусов аз Тоҷикистон дар консерти ҷамъбастии солистони Академияи байналмилалии операи назди Театри «Остона Опера» ҳунарнамоӣ кард
Дар Москва бахшида ба бузургдошти мутафаккири барҷастаи тоҷик Абӯалӣ Ибни Сино ҳамоиш доир мешавад
Дар Душанбе маҳфили адабӣ бо иштироки Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло баргузор шуд
Теъдоди довталабони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» сол то сол меафзояд
Дар Тоҷикистон 66 Қасри фарҳанг барои баргузории барномаҳои фарҳангию фароғатӣ фаъолият дорад
«Телевизиони Сафина» соли 2024 силсилабарномаҳои «Достон» ва «Шоҳномахонӣ»-ро пешниҳоди бинандагон мегардонад
Кумитаи телевизион ва радио: «Имсол аз ҷониби дастаҳои ҳунарӣ 163 суруду оҳанг сабт гардид»
Корҳои сохтмонӣ дар бинои истиқоматӣ барои кормандони Кумитаи телевизион ва радио оғоз шудааст