Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Малайзия дар самти омодасозии мутахассисони соҳаи фанноварии иттилоотӣ муҳокима гардид

Апрель 25, 2024 18:00

ДУШАНБЕ, 25.04.2024/АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки Тоҷикистон ва Малайзия ҳамкориро дар соҳаи фановарии иттилоотӣ тавсеа диҳанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ.

Ин ва дигар масъалаҳои мавриди назари ҳарду ҷониб дар мулоқоти муовини Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Назар бо раиси Хадамоти таҳсилоти байналмилалии Малайзия доктор Абдул Разоқ Аҳмад дар Душанбе баррасӣ гардид.

Ҷонибҳо дар мулоқот ҳамзамон доир ба имконияти ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии зертобеи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон табодули афкор намуданд. Доктор Абдул Разоқ Аҳмад омодагии Хадамоти таҳсилоти байналмилалии Малайзияро барои ба роҳ мондани ҳамкории илмӣ ва омодасозии мутахассисони соҳаи фанноварии иттилоотӣ байни ниҳодҳои соҳавии Тоҷикистон ва Малайзия изҳор намуд.

АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон

Апрель 25, 2024 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Хуросон ҷамъоварии пахта идома дорад
Эъломияи Сеул ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Кореяро дар соҳаи зеҳни сунъӣ тақвият медиҳад
Байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Воҳиди кашшофии молиявии Ҷумҳурии Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Душанбе ҷаласаи навбатии роҳбарони мақомоти зиддиинҳисории давлатҳои аъзои СҲШ доир гардид
Содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон ба Корея баррасӣ гардид
Ҷаласаи 25-уми вазирони масъули фаъолияти иқтисод ва савдои хориҷии Созмони ҳамкории Шанхай доир шуд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Турсунзода ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Бо имзои санади ҳамкорӣ Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар соҳаи роҳи оҳан таҳким мебахшанд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ шуд
Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар самти муқовимат ба коррупсия байни Тоҷикистон ва Корея ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси СҲШ таҷрибаи истифодаи самараноки захираҳои минералиро муаррифӣ менамояд
Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳум дар соҳаи моликияти зеҳнӣ ба имзо расид