Дар Душанбе Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид

Апрель 26, 2024 17:10

ДУШАНБЕ, 26.04.2024 /АМИТ «Ховар»/.  Бо мақсади эҳё ва рушди амалии бозиҳои миллии варзишӣ ва тарбияи насли наврас дар руҳияи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба таъриху анъанаҳои миллии аҷдодон, ҳамзамон таҳкими тарзи ҳаёти солим, ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, зиракии сиёсӣ ва пешгирии омилҳои номатлуб дар байни насли наврас бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе таҳти унвони «Намудҳои миллии варзиш-рукни асосии фарҳанги миллӣ» Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази таҳлил ва иттилооти дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Фестивали бозиҳои миллӣ дар шафати роҳи назди Муассисаи давлатии «Театри давлатии академии опера ва балет»-и ба номи С. Айнӣ ва Муассисаи давлатии боғи «Куруши Кабир» таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ва бо иштироки кормандон, ҷавонони фаъолу варзишгарони муваффақ, роҳбарону намояндагони корпусҳои дипломатӣ доир гардид.

Фестивал бо садои карнаю сурнай, бо ҷалби устодону мураббиён ва донишҷӯёну варзишгарони муассисаҳои таълимӣ ва тайёрии варзишии ҷумҳуриявию шаҳрӣ доир гардида, дар он зиёда 50 намуди бозиҳои миллии варзишӣ бо тарзу усули маҳаллӣ ба маърази тамошои ҳозирин гузошта шуд.


Дар ифтитоҳи фестивал иброз гардид, ки ҳадаф аз баргузории он эҳё намудани бозиҳои миллии варзишӣ ва ба ин васила муаррифӣ намудани фарҳанг, тамаддун ва таърихи халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ, тарбия намудани наврасону ҷавонон дар руҳияи худшиносию худогоҳӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ мебошад.

Ҳамзамон дар фестивал барномаи рангини фарҳангӣ бо фарогирии суннатҳои анъанавии миллӣ бо иштироки сарояндагони маҳбуб ва ансамблҳои рақсӣ манзур гардонида шуд.

Мояи ифтихор ва ҷолибу хотирмон буд, ки зимни чорабинӣ намояндагони аксар навъҳои варзишии мамлакат ҳунару маҳораташонро пешкаши тамошобинон намуданд.

АКС: Маркази таҳлил ва иттилооти дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 26, 2024 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд