Дар Коллеҷи тиббии шаҳраки Оби Гарми Роғун доир ба пешгирии терроризм конференсияи илмӣ баргузор гардид

Апрель 14, 2024 15:50

РОҒУН, 14.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 дар байни донишҷӯёну омӯзгорони Коллеҷи тиббии шаҳраки Оби Гарм вобаста ба татбиқи «Стратегияи муқовимат ба экстремизму терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор шуд. Дар ин хусус масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти двлатии шаҳри Роғун ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ доданд.

Дар ҳамоиш аъзои гурӯҳи корӣ баҳри дар амал иҷро намудани нақшаи чорабиниҳои Стратегияи муқовимат ба терроризм ва экстремизм, амалӣ намудани қонунҳои миллӣ ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи илму маориф, пош нахӯрдани оилаҳои ҷавон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон ва ҷалби онҳо ба сафи Артиши миллӣ сухан гуфтанд.

Дар конференсия иброз гардид, ки тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ ва пешгирии майли бегонапарастӣ, муборизаи идеологӣ бар зидди терроризм, экстремизм ва амсоли инҳо аз самтҳои аввалиндараҷаи тарбияи насли ҷавон ба шумор рафта, омӯзгорон ва падару модарон, собиқадорону фаъолон бояд насли ҷавонро дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намоянд.

Имрӯзҳо шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз роҳҳо ва омилҳои ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ гардидаанд. Дар ин самт фаъолони гурӯҳҳои ифротӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавод ва маълумотро интихобан нашр менамоянд, то ба ин васила мағзи ҷавононро шуста, фикри онҳоро нисбат ба волидайн, ҷомеа, давлат ва инсоният тағйир диҳанд. Аз ин рӯ волидайни наврасону ҷавонон бояд тарзи истифодаи дурусти телефонҳои мобилӣ ва шабакаҳои иҷтимоиро ба фарзандонашон ёд диҳанд ва онҳоро мунтазам назорат кунанд.

Гуфта шуд, ки мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва пешгирии ҳамроҳшавии ноболиғон ва ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ вазифаи дастҷамъонаи тамоми шаҳрвандони мамлакат ба шумор меравад. Бетарафӣ нисбат ба ин зуҳуроти номатлуб хиёнат ба оила ва Ватан – Модар мебошад. Чунки ин омилҳои номатлуб ба рушди минбаъдаи давлат халали ҷиддӣ ворид намуда, ба ваҳдати миллӣ, истиқлолияти давлатӣ ва бехатарии мамлакат таҳдид менамоянд.

Тибқи иттилои масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун, вохӯрии гурӯҳҳои корӣ бо ҷалби сокинони маҳал, ҷавонону наврасон ва хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои миёнаи касбӣ идома меёбад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун

Апрель 14, 2024 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суди конститутсионӣ Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил гардид
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ноиби президент ва академики Академияи илмҳои Осиё интихоб гардид
Алоқа барои сохтмон: чӣ тавр имконоти мобилӣ дар бунёди иншоот дар саросари Тоҷикистон кумак менамояд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
ПАРЧАМИ МО ХУД САРИ БОЛОИ МОСТ! Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Рӯзи Парчами давлатӣ бошукуҳ таҷлил гардид
«ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ!». Таҳти ин унвон дар Лахш ҳамоиши идона доир шуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Рӯзи Парчами Тоҷикистонро ботантана ҷашн гирифтанд
Дар Москва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Биогаз дар минтақаҳои деҳот: роҳи ҳал ё таҷрибаи муваққатӣ барои Тоҷикистон?
ZET-MOBILE натиҷаҳои давравии иқдоми «Миллионро гир» -ро барои моҳи октябр эълон намуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд