Дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе нуқтаҳои партовҷамъкунӣ навсозӣ мешаванд
ДУШАНБЕ, 26.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Баҳри беҳтар намудани вазъи экологии ноҳияҳои пойтахт нуқтаҳои партовҷамъкунӣ навсозӣ мегарданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе.
Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансур дар кӯчаи Пушкини ноҳияи Исмоили Сомонӣ нуқтаҳои партовҷамъкунӣ навсозӣ гашта, дар кӯчаҳои Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ ва хиёбони Рӯдакии ноҳияи Шоҳмансур қуттиҳои хурди партовҷамъкунӣ насб карда шуданд. Дар ин баробар аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки партовҳоро дар нуқтаҳои партовҷамъкунӣ ҷойгир карда, фарҳанги шаҳрнишиниро қатъиян риоя намоянд.
Бояд гуфт, ки дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе соли 2024 дар шаҳри Душанбе Соли маърифати экологӣ эълон гардид. Мақсад аз он баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист, ҳифзи арзишҳои гуногуни экологӣ ва таъмини амнияти экологӣ мебошад.
Ҳамзамон бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ташаббуси «900 рӯзи ободонӣ» амалӣ мешавад.
АКС: Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе








Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд






