Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ташкилоти ҳизбии «Бонувони худшинос» ва «Фарзона» таъсис ёфт
ДУШАНБЕ, 06.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ду ташкилоти ҳизбӣ- «Бонувони худшинос» ва «Фарзона» таъсис дода шуд. Ба ин хотир дар Муассисаи давлатии «Маркази худшиносии бонувон» ва Муассисаи давлатии «Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №7 оид ба шоҳмот ва шашка»-и шаҳри Душанбе маҷлиси муассисон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ хабар доданд.
Дар маҷлис Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ Абдураҳим Шоҳиён оид ба нақши ҳизбҳои сиёсии ҷумҳурӣ дар ташаккули давлатдории навини Тоҷикистон, хусусан нақши аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар рушду пешрафти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоии мамлакат ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ баҳри мусоидат ба ҳалли мушкилоти мардум ибрози андеша намуд.
Таъкид гардид, ки вобаста ба ҷаҳони зудтағйирёбандаи муосир ҳизбиёнро зарур аст, ки фаъолияташонро бозбинӣ намуда, дар муборизаҳои иттилоотӣ баҳри ҳимояи манфиатҳои миллӣ пешқадаму фаъол бошанд. Обрӯ ва нуфузи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҷомеаи мамлакат ва берун аз он бо хизматҳои хастагинопазири Пешвои миллат, Раиси ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маъмул мебошад.
Дар маҷлис оид ба мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин, ки 9 марти имсол баргузор шуд, ибрози андеша гардид.
Дар кори маҷлиси муассисон роҳбарияти ташкилотҳои ҳизбии «Бонувони худшинос» ва «Фарзона» интихоб гардида, шаҳодатномаҳои аъзои нави ҳизб дар вазъияти тантанавӣ тақдимшуд.
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ








Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд






