Дар Остона ҷаласаи Комиссияи байнидавлатии рушди устувори Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал доир шуд

Апрель 1, 2024 12:26

ДУШАНБЕ, 01.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Остонаи Қазоқистон ҷаласаи навбатии Комиссияи байнидавлатии рушди устувори Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал (ICSD) баргузор гардид, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини аввали Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зарафо Қиёмзода иштирок намуд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар ҷаласа ҳисобот оид ба корҳои анҷомдодаи ICSD дар давраи раёсати Ҷумҳурии Қазоқистон- солҳои 2022-2024, татбиқи қарорҳои ҷаласаи қаблии ICSD ва дигар масъалаҳои ҳамкории экологӣ дар минтақа баррасӣ гардиданд.​

Муовини якуми Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зарафо Қиёмзода гуфт, ки бо истифода аз тамоми имконияти муштарак мо бояд кӯшишҳоямонро барои ҳалли мушкилот дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва рушди устувор муттаҳид намоем.

«Барои ин мо корҳои амалӣ оид ба истифодаи оқилона ва самараноки захираҳои табиӣ, бахусус захираҳои фаромарзӣ дар асоси қонун ва таҷрибаи байналмилалӣ, сиёсати иқлим оид ба рушди камкарбон ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, пешбурди тиҷорати «сабз» ва технологияҳои «сабз», инчунин эҷоди принсипҳои интиқоли байналмилалии технологияҳои аз ҷиҳати экологӣ тозаро амалӣ менамоем»,- таъкид намуд Зарафо Қиёмзода.

​ Дар анҷоми ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул гардида, расмиёти гузаштани салоҳияти раисӣ аз Ҷумҳурии Қазоқистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2024-2026 амалӣ шуданд. Имсол ба таъсиси сохтори IFAS 30 сол пур мешавад. Ин сана ба давраи раёсати Тоҷикистон дар ICSD рост меояд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 1, 2024 12:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд