Дар шаҳри Хуҷанд клиникаи муосири оилавии муосири 1+1 ифтитоҳ гардид
ДУШАНБЕ, 12.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар маҳаллаи «Бофанда»-и шаҳри Хуҷанд муассисаи муосир- клиникаи оилавии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди 1+1 бо фарогирии беҳтарин шароити хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки клиникаи муосири оилавии 1+1 бо дастгирии соҳибкори маҳаллӣ Хуршед Носиров ва иқдоми табиби ҷавон Абдуҳафиз Шукуров дар ҳамкорӣ бо шарикон аз Федератсияи Русия таъсис дода шуда, ҳадафи он баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ дар шаҳри Хуҷанд мебошад.
Гуфта шуд, ки дар натиҷаи дастгирии ҳамаҷониба ва ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Рахмон феълан фаъолияти соҳаи тандурустӣ дар шаҳри Хуҷанд рӯ ба рушд ниҳода, пешрафти тибби хусусӣ низ баръало мушоҳида мешавад.
Барои сохта, ба истифода додани ин клиника, ки ба таври муштарак бо мутахассисони барҷастаи соҳаи тиб аз Федератсияи Русия фаъол карда шуд, зиёда аз 6 миллион сомонӣ сармояи дохилӣ сарф гардид. Дар ин муассисаи замонавии тиббӣ 50 мутахассис бо кори доимӣ таъмин шуданд.
Ба муассиса дастгоҳу таҷҳизоти пешрафтаи соҳавӣ аз хориҷи мамлакат ворид карда шудааст. Иншоот аз 28 ҳуҷра иборат буда, дорои 16 кат мебошад. 8 ҳуҷраи муолиҷаву муоинаи беморон бо тамоми шароит фаъолият дошта, ба беморон беҳтарин мутахассисони равияи гуногуни тиббӣ хизмат мерасонанд. Ҳуҷраи физиодармонӣ бо панҷ дастгоҳи замонавӣ ҷиҳозонида шудааст.
Ташаббуси бунёди марказ идомаи тадбирҳои созандагӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст






