Дар Тоҷикистон иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 105,9% таъмин гардид

Апрель 22, 2024 17:07

ДУШАНБЕ, 22.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар семоҳаи якуми соли 2024 иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ дар Тоҷикистон ба андозаи 105,9 фоиз  таъмин гардид. Ба ҷойи 4 миллиарду 532 миллиону 900 ҳазор  сомонӣ ба буҷети давлатӣ 4 миллиарду 802 миллиону 400 ҳазор сомонӣ маблағ ворид шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 269 миллиону 500 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ин давра иҷрои нақшаи андозҳо ва пардохтҳо дар Кӯҳистони Бадахшон ба андозаи 105,3 фоиз, вилоятҳои Хатлон – 102,5 фоиз, Суғд – 101,9 фоиз, шаҳри Душанбе – 108,8 фоиз, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар маҷмуъ – 104,5 фоиз ва Раёсати андози андозсупорандагони калон – 92,2 фоиз таъмин гардид.

Дар семоҳаи якум иҷрои нақшаи андоз аз фурӯш 87,4 фоиз таъмин шуда, аз ин ҳисоб ба буҷет 1 миллиону 100 ҳазор сомонӣ маблағ ворид нагардид.

Таҳлилу баррасии маълумоти оморӣ нишон медиҳад, ки дар семоҳаи якуми соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, ки дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ҳиссаи он бештар аз 40 фоизро ташкил медиҳад, ба андозаи 108 фоиз, кишоварзӣ 106,7 фоиз, ҳаҷми умумии гардиши савдо 112,3 фоиз  ва хизматрасонии пулакӣ 116,5 фоиз  рушд ёфтааст.

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 22, 2024 17:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рим Нақшаи стратегии кишварии Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ барои Тоҷикистон қабул гардид
«Shohin Airlines» парвозҳои мунтазамро дар хатсайри Душанбе — Хоруғ — Душанбе оғоз намуд
Тоҷикистон ба ҳайати Гурӯҳи машваратии Базел дохил шуд
Барои рушди соҳаи боғу токпарварӣ барномаи чоруми давлатӣ татбиқ мегардад
«БАРНОМАИ МИЁНАМУҲЛАТИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ».Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
ТИҶОРАТИ РАҚАМӢ. Он ба густариши фаъолияти соҳибкорӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои ҳифзи боғҳо корҳои агротехникии тирамоҳӣ аҳамияти муҳим доранд
Истгоҳи обуҳавосанҷии Горбунов дар пиряхи «Тоҷикистон» навсозӣ карда мешавад
ҚАТЪНОМАИ ТАЪРИХӢ БАРОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Чӣ гуна ташаббуси Президенти Тоҷикистон зеҳни сунъиро ба рӯзномаи Маҷмаи Умумии СММ ворид кард
Ба бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ таваҷҷуҳро бештар намоем. Шарҳи коршинос
Ҳаҷми маблағгузории Фонди иқлими сабз барои Тоҷикистон ба 235 миллион доллар расидааст
Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир шуд