Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар ҳамоиш бахшида ба раёсати Қазоқистон дар Созмони Ҳамкории Шанхай иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 17.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар ҳамоиш бахшида ба татбиқи афзалияти раёсати Ҷумҳурии Қазоқистон дар Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар медиҳад.
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода нақши Созмони Ҳамкории Шанхайро дар мубориза бо таҳдиду чолишҳои муосир муҳим арзёбӣ намуд.
Сафири Тоҷикистон дар бораи ташаббусҳои обии мамлакат, инчунин Конфронси сатҳи баланди Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки баргузории он моҳи июн дар шаҳри Душанбе дар назар аст, суханронӣ намуд.
Ҳамзамон таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ бо Созмони Ҳамкории Шанхай, бахусус таъсиси Маркази зиддимухаддиротии Созмони Ҳамкории Шанхай дар Душанбе, ҳамкории минбаъдаи давлатҳои аъзои Созмон дар таъмини рақобати босамар, инчунин татбиқи пешниҳоди Тоҷикистон оид ба таҳияи Стратегияи рушди иқтисодии минтақаи Созмони Ҳамкории Шанхай то соли 2030 равона намуд.
Дар ҷараёни ҳамоиш иштирокчиён оид ба масъалаҳои марбут ба дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай табодули афкор намуданд.
АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Русия








Дар Душанбе мулоқоти Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Сарвазири Шурои давлатии Чин Ли Сян баргузор гардид
Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сян дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбаргузор гузошт
Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сян бо сафари расмӣ вориди Тоҷикистон шуд
Намояндаи Тоҷикистон бо Мудири кулли Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид дар Женева мулоқот намуд
Дар Женева афзалият дар самти рушди устувори шаҳрҳо дар Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Шри-Ланка мулоқот намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири барқ, об ва энергияи таҷдидпазири Кувайт мулоқот кард
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» дар Тоҷикистон дар расонаҳои иттилотии Аморот инъикос ёфт
Моҳи майи соли 2027 дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба оғози Даҳсолаи таҳкими сулҳ баргузор мешавад
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии энергетикаи Покистон мулоқот намуд
Рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи маориф баррасӣ шуд






