Донишҷӯёни тоҷик дар озмуни байналмилалии «Садоҳои Наврӯз» сазовори ҷои аввал гардиданд
ДУШАНБЕ, 02.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ансамбли донишҷӯёни шуъбаи созҳои халқии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов дар Озмуни байналмилалӣ таҳти унвони «Садоҳои Наврӯз» («Навруз садолари»), ки дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид, соҳиби ҷои аввал гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази иттилооти Консерватория хабар медиҳад.
Натиҷаи заҳматҳои устодон, меҳнати пурсамар ва маҳорати баланди навозандагӣ ба донишҷӯён имкон дод, ки дар байни иштирокчиёни озмун сазовори ҷойи аввал гарданд.
Ин дастовард мояи ифтихори кулли омӯзгорон ва муҳассилини муассиса буда, бори дигар собит месозад, ки ин даргоҳи илму ҳунар дар тарбияи мутахассисони касбии соҳаи санъати мусиқӣ нақши калидӣ дорад.
Ин муваффақият ба кулли ҷавонон ва наврасон, ки дар ҷодаи санъати мусиқии касбӣ таҳсил ва фаъолият менамоянд, неруи тоза мебахшад.
АКС: Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов








Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад






