ЭЙ ДУШАНБЕ, ШАҲРИ БЕМОНАНДИ МАН. Суратгузориши АМИТ «Ховар» ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад

Апрель 7, 2024 11:21

ДУШАНБЕ, 06.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» дар мамлакат шанбеи сеюми моҳи апрел Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе таҷлил мегардад.

Тавре Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим иброз дошт, касе, ки як бор Душанберо дид, умрбод ошиқаш мешавад. Симои ин шаҳри дилбанди ба ҷон пайванди мо, ба хусус дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат, ба тамом тағйир ёфт ва имрўзҳо ҳар рўзу соат зеботару дилработар мешавад. Хусусан дар баҳорон  кас аз тамошои гулгаштҳои гулфишони пойтахт  мафтуну шайдои ин шаҳри ҳамешаҷавон мегардад.

Ин мисраъҳо муҳаббати беандозаи шоирро нисбат ба ин шаҳр, ки умедгоҳи тоҷикони ҷаҳон аст, ифода менамояд:

Эй Душанбе, шаҳри бемонанди ман,
Шаҳри дилбанди ба ҷон пайванди ман.

Дар ин  иртибот суратгузориши АМИТ «Ховар» аз баҳори Душанбе манзур мегардад.

Тоҳир САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»

Апрель 7, 2024 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад