Эмомалӣ Раҳмон: «Мо Ҷумҳурии Италияро шарики муҳим ва боэътимоди худ дар Аврупо медонем»

Апрель 24, 2024 09:00

ДУШАНБЕ, 24.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. 23 апрел дар мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуданд, ки барои Тоҷикистон Италия дар Аврупо шарики муҳим ва боэътимод мебошад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

«Мо Ҷумҳурии Италияро шарики муҳим ва боэътимоди худ дар Аврупо медонем», — таъкид доштанд Сарвари давлати Тоҷикистон дар оғози суҳбат.

Ҷонибҳо зимни музокирот маҷмуи масоили ҳамкории байни ду давлат ва густариши робитаҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, инчунин имконоти татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузориро баррасӣ намуданд.

Дар фароварди мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Президенти Ҷумҳурии Италия даъват ба амал оварданд, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф орад.

Ёдовар мешавем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Италия қарор доранд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Апрель 24, 2024 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири Гурҷистон вохӯрӣ намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дар Берлин нахустин Маркази инноватсионии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии NVIDIA муаррифӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии аграрии Урали Ҷанубӣ баррасӣ шуд
Дар Душанбе оид ба дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо САҲА мубодилаи афкор доир шуд
Донишҷӯёни Донишкадаи Diplomun Institute бо фаъолияти Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Женева шинос шуданд
Сафири Тоҷикистон ба вазири корҳои хориҷии Алҷазоир нусхаи эътимоднома супорид
Қоҳир Расулзода: «Раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ба иқтисод ва мавқеи ин созмони бонуфуз таҳким бахшид»
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид
Имконоти сармоягузорӣ, тиҷорат ва соҳибкории Тоҷикистон дар расонаҳои Амороти Муттаҳидаи Арабӣ муаррифӣ гардиданд