ФУТБОЛ. Бозиҳои даври аввали Чемпионати Тоҷикистон 2024 байни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз мешаванд
ДУШАНБЕ, 03.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар мавсими имсолаи Чемпионати Тоҷикистон 2024 байни дастаҳои Лигаи олӣ, ки аз 6 апрел то 10 ноябри соли 2024 маротибаи 33-юм доир мегардад, 12 даста иштирок менамояд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Инҳо дастаҳои футболи «Истиқлол», КМВА (ҳарду аз Душанбе), «Равшан» (Кӯлоб), «Эсхата», «Хуҷанд» (ҳарду аз Хуҷанд), «Ҳосилот» (Фархор), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Вахш» (Бохтар), «Куктош» (Рӯдакӣ), «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ), «Истаравшан» (Истаравшан) ва «Барқчӣ» (Ҳисор) мебошанд.
Тибқи низомнома, Чемпионати Тоҷикистон 2024 дар ду давра баргузор мешавад, ки ҳар даста дар майдони худ ва дар меҳмонӣ бо ҳам бозӣ менамоянд. Дар маҷмуъ, ҳар тим 22 бозӣ мегузаронад. Дастае, ки дар мавсими соли 2024 дар Лигаи олӣ мақоми охиринро ишғол менамояд, ба Лигаи якум мегузарад ва бошгоҳе, ки дар мусобиқа ҷойи ёздаҳумро мегирад, бо барандаи медали нуқраи Лигаи аввали Тоҷикистон-2024 бозиҳои гузаришӣ доир мекунад.
Маҳдудият барои бозингарони хориҷӣ дар чемпионати Тоҷикистон бетағйир боқӣ мемонад. Имсол низ ҳар бошгоҳи Лигаи олӣ метавонад то ҳафт бозингари хориҷиро ба ҳайати худ ворид кунад, аммо то панҷ легионер дар як вақт ба майдон иҷозат дода мешавад. Ба ҳайатҳои дастаҳои Лигаи олии Тоҷикистон 63 легионер ё футболбози хориҷӣ дохил шудаанд, ки намояндагони 17 кишвари қораҳои Аврупо, Амрико, Африқо ва Осиё мебошанд.
Танҳо як даста – «Барқчӣ»-и шаҳри Ҳисор, ки асоси дастаҳои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон аст, комилан аз ҳисоби футболбозони маҳаллӣ таркиб ёфтааст.
Дар байни давлатҳое, ки футболбозонашон дар Чемпионати Тоҷикистон 2024 иштирок менамоянд, Гана дар мақоми аввал аст. Аз ин кишвари африқоӣ 15 бозингар ба ҳайати бошгоҳҳои Лигаи олии Тоҷикистон дохил шудаанд. Аз Камерун 14 бозингар, Узбекистон — 13, Украина — 6, Булғористону Русия- дунафарӣ барои иштирок дар мусобиқаи Лигаи олии Тоҷикистон омадаанд. Аз 11 давлат – Босния ва Ҳерсеговина, Канада, Молдова, Нигерия, Сербия, Танзания, Туркманистон, Фаронса, Хорватия, Ҷопон ва Эрон – якнафарӣ дар чемпионати Тоҷикистон бозӣ менамоянд.
Бозиҳои даври аввали Чемпионати Тоҷикистон 2024
6 апрел | 16:00
«Хуҷанд» – «Эсхата»
«Регар-ТадАЗ» – «Вахш»
«Барқчӣ» – «Равшан»
7 апрел | 16:00
«Ҳосилот» – «Куктош»
«Истиқлол» – «Истаравшан»
«Панҷшер» – КМВА
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд






