ФУТБОЛ. Бозиҳои даври аввали Чемпионати Тоҷикистон 2024 байни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз мешаванд

Апрель 3, 2024 14:15

ДУШАНБЕ, 03.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар мавсими имсолаи Чемпионати Тоҷикистон 2024 байни дастаҳои Лигаи олӣ, ки аз 6  апрел то 10  ноябри соли 2024 маротибаи 33-юм доир мегардад, 12 даста иштирок менамояд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар»  бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Инҳо дастаҳои футболи «Истиқлол», КМВА (ҳарду аз Душанбе), «Равшан» (Кӯлоб), «Эсхата», «Хуҷанд» (ҳарду аз Хуҷанд), «Ҳосилот» (Фархор), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Вахш» (Бохтар), «Куктош» (Рӯдакӣ), «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ), «Истаравшан» (Истаравшан) ва «Барқчӣ» (Ҳисор) мебошанд.

Тибқи низомнома, Чемпионати Тоҷикистон 2024 дар ду давра баргузор мешавад, ки ҳар даста дар майдони худ ва дар меҳмонӣ бо ҳам бозӣ менамоянд. Дар маҷмуъ, ҳар тим 22 бозӣ мегузаронад. Дастае, ки дар мавсими соли 2024 дар Лигаи олӣ мақоми охиринро ишғол менамояд, ба Лигаи якум мегузарад ва бошгоҳе, ки дар мусобиқа ҷойи ёздаҳумро мегирад, бо барандаи медали нуқраи Лигаи аввали Тоҷикистон-2024 бозиҳои гузаришӣ доир мекунад.

Маҳдудият барои бозингарони хориҷӣ дар чемпионати Тоҷикистон бетағйир боқӣ мемонад. Имсол низ ҳар бошгоҳи Лигаи олӣ метавонад то ҳафт бозингари хориҷиро ба ҳайати худ ворид кунад, аммо то панҷ легионер дар як вақт ба майдон иҷозат дода мешавад. Ба ҳайатҳои дастаҳои Лигаи олии Тоҷикистон 63 легионер ё футболбози хориҷӣ дохил шудаанд, ки намояндагони 17 кишвари қораҳои Аврупо, Амрико, Африқо ва Осиё мебошанд.

Танҳо як даста – «Барқчӣ»-и шаҳри Ҳисор, ки асоси  дастаҳои  мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон аст, комилан аз ҳисоби футболбозони маҳаллӣ таркиб ёфтааст.

Дар байни давлатҳое, ки футболбозонашон дар Чемпионати Тоҷикистон 2024 иштирок менамоянд, Гана дар мақоми аввал аст. Аз ин кишвари африқоӣ 15 бозингар ба ҳайати бошгоҳҳои Лигаи олии Тоҷикистон дохил шудаанд. Аз Камерун 14 бозингар, Узбекистон — 13, Украина — 6, Булғористону Русия- дунафарӣ барои иштирок дар мусобиқаи Лигаи олии Тоҷикистон омадаанд.  Аз 11 давлат  – Босния ва Ҳерсеговина, Канада, Молдова, Нигерия, Сербия, Танзания, Туркманистон, Фаронса, Хорватия, Ҷопон ва Эрон – якнафарӣ дар чемпионати Тоҷикистон бозӣ менамоянд.

Бозиҳои даври аввали Чемпионати Тоҷикистон 2024

6 апрел | 16:00

«Хуҷанд» – «Эсхата»

«Регар-ТадАЗ» – «Вахш»

«Барқчӣ» – «Равшан»

7 апрел | 16:00

«Ҳосилот» – «Куктош»

«Истиқлол» – «Истаравшан»

«Панҷшер» – КМВА

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Апрель 3, 2024 14:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид
Мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд ва шоҳмоту шашка байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
ФУТБОЛ. Мунтахаби Тоҷикистон «CAFA Nations Cup 2025»-ро бо бозӣ муқобили Малайзия оғоз менамояд
Дастаи Академияи футболи ФФТ дар Мусобиқаи «Ҷоми Қошғар» сазовори ҷои дуюм гардид
Дар Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ (CAVA) оғоз гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар Мусобиқаи «CAFA Nations Сup 2025» иштирок мекунад
Дар Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ оид ба волейбол байни духтарони то 16-сола баргузор мегардад
Конфедератсияи футболи Осиё тақвими бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 оид ба футзалро тасдиқ намуд
ФУТБОЛ. Пагоҳ дар Душанбе марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни дастаҳои занона дар гурӯҳи «H» оғоз мешавад
Рақибони дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 маълум шуданд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозии дӯстона боз бар тими Амороти Муттаҳидаи Араб ғалаба кард
ФУТБОЛ. Фонди ҷоизавии мусобиқаи «Ҷоми Ҷавонӣ-2025» 60 ҳазор сомониро ташкил медиҳад