Гурӯҳи кории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Бартанг бо вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шинос шуд

Апрель 26, 2024 11:21

ДУШАНБЕ, 26.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи кории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба водии Бартанги ноҳияи Рӯшон рафт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хабар медиҳад.

Ҳадафи сафар аз иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шиносоӣ бо вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва ҳалли мушкилоти мардуми водӣ иборат буд.

Зимни мулоқоти гурӯҳи корӣ бо сокинони деҳаҳои Ҷамоати деҳоти Бартанг Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз рушди иқтисодию иҷтимоии вилоят дар соли 2023 ва семоҳаи аввали соли 2024 ёдовар шуда,  таъкид намуд, ки  дар баробари дигар минтақаҳои вилоят дар водии Бартанг низ корҳои зиёде анҷом дода шуданд.

Изҳор гардид, ки бо ташаббуси маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон -Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм-фурӯғи маърифат» ва ««Тоҷикон» дар оинаи таърих» барои рӯ овардан ба китобу китобхонӣ ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ баргузор шуданд. Хушбахтона, иштироки хонандагони водӣ дар ин озмунҳо назаррас мебошад. Падару модарон ва омӯзгорон бояд кӯшиш намоянд, ки фарзандон ва хонандагони онҳо ба натиҷаҳои аз ин ҳам беҳтар ноил гарданд.

Дар вохӯрӣ аз рушди ин минтақа дар замони соҳибистиқлолии мамлакат мисолҳо оварда шуд. Иброз гардид, ки  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар минтақаҳои баландкӯҳ ба сокинони заҳматкашу меҳнатдӯсти водии Бартанг низ таваҷҷуҳи хосса доранд.

Имрӯз бо бунёди силсиланеругоҳҳои барқи обӣ ва алоқаи мобилӣ, ки сокинон солҳои пеш дар ин самт бо мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ буданд, корҳои зиёде ба анҷом расонида шуда, мушкилиҳо низ паси сар гардиданд.

Раиси вилоят иброз дошт, ки соҳаи маориф ҳамеша зери таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат, хосса Пешвои миллат қарор дорад  ва мушкилии ин соҳа, аз ҷумла таъмиру навсозии мактабҳо минбаъд бартараф карда мешавад.

Чунин вохӯриҳо бо сокинони ҷамоатҳои деҳоти Басид ва Савноб низ баргузор шуданд.

Сипас  гурӯҳи корӣ  бо сохтмони Неругоҳи барқи обии «Ачирх»-и Ҷамоати деҳоти Басид шинос шуд.

 АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Апрель 26, 2024 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Носири Хусрав тақдими «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ оғоз шуд
«САРҲАДБОНОН-ЧАШМИ БЕДОРИ ВАТАН». Дар қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ оид ба масоили соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ҳамоиш доир шуд
ZET-MOBILE натиҷаҳои давраи чоруми иқдоми «Миллионро гир»-ро барои моҳи ноябр ҷамъбаст кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати назди Муассисаи таълимии ноҳияи Спитамен расонида шуданд
Ба тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакон ва Мактаб-интернати шаҳри Исфара туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Дар пленуми Суди Олӣ масъалаи баланд бардоштани сифати баррасии парвандаҳо ва таҳкими қонуният баррасӣ гардид
МегаФон Тоҷикистон натиҷаҳои «техникии» соли 2025-ро ҷамъбаст намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал баргузор шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд