ИФРОТГАРОӢ-РОҲ БА СӮИ НОУМЕДӢ. Насли ҷавони тоҷик бояд тамоми кӯшишу ғайраташро ба донишомӯзию ободкорӣ равона намояд

Апрель 28, 2024 13:41

ДУШАНБЕ, 28.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Солҳои охир ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ифротгароии динию мазҳабӣ бо кирдорҳои ғайриахлоқӣ ва амалҳои разилонаашон авзои сиёсии ҷомеаро ноором гардонида, ҳаёти тинҷу осоиштаи мардумро зери хатар мегузоранд. Ин раванди номатлуб ҷомеаи башариро хеле нигарон намудааст.

Дар раванди ҷаҳонишавии муосир Тоҷикистон низ аз ин воқеаҳои манфури ҷомеа канор набуда, мубориза бар зидди ин амалро яке аз ҳадафҳои асосӣ қарор дода, тадбирҳои зиёдеро дар ин самт амалӣ менамояд. Иллатҳои сар задани чунин падидаҳои номатлуб, хатари тафриқаандозӣ ва ҷудоӣ дар байни ҷавонони ҷумҳурӣ ҳамчун иғвоангезӣ ва ҳизбгароиву гурӯҳбандӣ дар фазои мамлакат мебошад. Мавриди гуфтан аст, ки нақши фарҳанг, тарғиботу ташвиқоти таълиму тарбияи насли наврас дар ҳамин раванд дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ бар зидди ин зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ тадбирҳо меандешад. Экстремизми сиёсӣ аслан аз ғояи фаъолияти ашхоси алоҳида таркиб ёфтааст, ки одатан тавассути зӯроварӣ барои воқеӣ гардонидани ҳадафҳои сиёсӣ истифода мешавад. Экстремизми сиёсӣ бо тамоми зуҳуроташ чун ҷараёни иртиҷоӣ намоён шуда, доираи васеи минтақаҳо ва мамлакатҳоро иҳота намуда, ба хатари мудҳиши умумибашарӣ табдил ёфтааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки «имрӯзҳо дар гӯшаҳои гуногуни сайёра миллионҳо нафар одамон гирифтори хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳо гардидаанд ва зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷиабору дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавӣ ба бор меорад».

Экстремизм аз истилоҳи фаронсавии «extremism» ва лотинии  «extrems» гирифта шуда, маънои луғавиаш тундравӣ, ифротгароӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштанро дорад. Экстремист шахсе аст, ки дар фаъолияташ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон- дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд.

Моддаи 179-уми Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин пешбинӣ менамояд: «Терроризм содир намудани амалҳое мебошад, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисман бартараф кардани рақиби сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад».

Дар ин маврид ҳақ бар ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  мебошад, ки аз минбарҳои бонуфузи ҷаҳонӣ борҳо таъкид намудаанд ва ҳоло ҳам иброз медоранд: «Террористу ифротгаро ватану миллат ва дину мазҳаб надоранд!».

Дар моддаи 3-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо экстремизм» чунин омадааст: «Ифротгароиро ҳамчун зуҳуроти аз ҷониби ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар шакли амалҳои номатлуб инъикосёфтае маънидод мекунанд, ки ба бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои нажодӣ, миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ даъват мекунад».

Сабаби пайдоиш ва доман густурдани ин гуна амалҳои номатлуб нишони он аст, ки бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ, маърифати худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, бахусус ҷавонон боиси ҳамроҳ шудани онҳо ба гурӯҳҳои ифротгаро мегардад. Дар чунин ваъият масъулияти азими таърихӣ ва рисолати шаҳрвандӣ тақозо менамояд, ки истиқлолияти миллӣ ва осоиштагии ҷомеаро аз чунин пайомадҳои манфӣ ва таъсири қувваҳои моҷароҷӯ бояд эмин нигоҳ дошт. Дар марҳалаи кунунӣ мафҳуми террроризм ва ифротгароии динӣ маънии васеътар пайдо намудааст. Зери мафҳуми ифротгароии динӣ муқаррароти устувори динӣ ё яке аз намудҳои шуури динии муосир фаҳмида мешавад.

Бо бардошт аз ин мулоҳизаҳои сабақомӯз насли ҷавони имрӯзаро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳифзи марзу буми ҷумҳурӣ камари ҳиммат банданд. Ин насл бояд, ки бо камоли масъулият тамоми кӯшишу ғайратро ба андӯхтани илму дониш, созандагию ободкорӣ равона намояд.

Дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар фарди ватандӯсту ватанпарвар, миллатдӯст, алалхусус ҷавонон, ки неруи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб мешаванд, аз он иборат аст, ки аз таълимоти гурӯҳҳои манфиатҷӯе, ки дини мубини исломро бо терроризм айният медиҳанд ва тундгароиро омили ҳифзи ислом муаррифӣ мекунанд, худдорӣ намоянд.

Асрор САТТОРОВ,
омӯзгори калони кафедраи педагогикаи умумии факултети педагогикаи
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
 

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 28, 2024 13:41

Хабарҳои дигари ин бахш

КИТОБ-МУАРРИФИ ДАСТОВАРДҲОИ АДИБОН. Бардошт аз баргузории Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли биринҷ ҷисми инсонро фарбеҳ менамояд
МЕҲРГОН ЯКЕ АЗ ИДҲОИ БОСТОНИИ МИЛЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон оид ба аҳамияти ин ҷашн
СИТОРАИ ТОБНОК ДАР САМОИ СИНАМО. Офаридаҳои баландмазмун ба Бахтиёр Худойназаров шуҳрати ҷаҳонӣ бахшид
ТАНБАШАВИИ РОҲ. Барои аз байн бурдани ин мушкилӣ чӣ бояд кард?
ИДИ МЕҲРГОН-МЕРОСИ НИЁГОН. Давоми таърих дар фарҳанги мардум арзишҳои озмудашудаи миллат побарҷо мондаанд
КУМАКҲОИ УНВОНИИ ИҶТИМОӢ. Ба қишри осебпазири Тоҷикистон беш аз 917 миллион сомонӣ кумак расонида шуд
Меҳргон иди кишоварзону олимон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстӣ, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст
Тақвияти ҳамгироии минтақавӣ дар партави ҳамоиши «Осиёи Марказӣ-Русия» ва ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои ИДМ дар Тоҷикистон
Тоҷикистон дар таҳкими ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ ва башардӯстона дар доираи ИДМ саҳми назаррас дорад
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОНИ ДЕҲОТ. Фаъолияти Раҳима Салимова дар деҳа намунаи ибрат аст
РӮЗИ КИШОВАРЗОНИ ТОҶИКИСТОН. Таъмини амнияти озуқаворӣ ҳадафи асосии кишоварзон аст