Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 10.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон, пешгирии дохилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва террористию экстремистӣ таҳти унвони «Роҳҳои пешгирии дохилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва масъалаҳои доғи ҷомеа» ҳамоиш доир шуд.
Тавре аз Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҳадафи ҳамоиш аз баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқии ҷавонон, таҳкими ҳисси худшиносии миллӣ, пешгирии гаравиши онҳо ба гурӯҳҳои ифротӣ ва баррасии роҳҳои ҳалли масъалаҳои доғи ҷомеа иборат буд.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам иброз намуд, ки тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ омили асосии пешгирии ҳар гуна зуҳуроти номатлуб мебошад.
«Танҳо дар ҳамбастагӣ метавон таъсири омилҳои манфиро пешгирӣ кард. Шароити мусоид барои таҳсил, шуғл ва рушди истеъдоди ҷавонон яке аз роҳҳои муассири пешгирии гаравиши онҳо ба гурӯҳҳои номатлуб мебошад. Ҷалби ҷавонон ба варзиш, илм ва фаъолияти ҷамъиятӣ метавонад неруи онҳоро ба самти созанда равона намояд»,-баён дошт Рудобаи Мукаррам.
Дар ҷараёни ҳамоиш муовини Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шомиддин Шарипов изҳор намуд, ки «тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ҳамкории зич бо оила ва муассисаҳои таълимӣ метавонад сатҳи чунин хатарҳоро ба таври назаррас коҳиш диҳад. Инчунин истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ ва боло бурдани саводи иттилоотии ҷавонон метавонад онҳоро аз таъсири таблиғоти ифротгароёна эмин нигоҳ дорад».
«Ҳамкории сохторҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти тарбияи насли наврас бояд боз ҳам тақвият дода шавад. Мақомоти маҳаллӣ ҳамеша омодаанд барои дастгирии ҷавонон ва пешгирии мушкилоти иҷтимоӣ тадбирҳои муассир андешанд. Рушди муҳити солими иҷтимоӣ омили муҳими тарбияи ҷавонони солимфикр мебошад»,- иброз намуд Раиси шаҳри Ваҳдат Мирзо Исмоилзода.
Таъкид гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар паёмҳояшон таъкид намудаанд, ки «вазифаи аввалиндараҷаи ҳар яки мо он аст, ки истиқлолияти давлатамонро пойдор нигоҳ дошта, насли наврасу ҷавонро дар руҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ, садоқат ба анъанаву суннатҳои таърихиву фарҳангии миллат ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ тарбия намоем. Яъне, насли имрӯз бояд бомаърифат, бофарҳанг, эҷодкор ва номбардори миллату давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бошад».
Иштирокчиёни ҳамоиш барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи давлату ҳукумат, тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи инсондӯстӣ, ватанпарастӣ, пешгирии хурофоту бегонапарастӣ ва пошхӯрии оилаҳои ҷавон даъват карда шуданд.
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон








ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд






