«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Донишу маърифат ба аҳли башар бузургӣ ва хушбахтӣ меоранд

Апрель 12, 2024 13:43

ДУШАНБЕ, 12.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи апрел даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои илмӣ ва дигар ташкилот оғоз мегардад. Дар ин хусус ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Гулчеҳра Қоҳирова ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Гулчеҳра Қоҳирова гуфт, ки ин озмун соли чорум аст дар Тоҷикистон таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба монанди гузаштагони бузурги миллати тоҷик илмро муҳим шуморида, пояи давлат медонанд. Бо ин мақсад бо Амри Президенти Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» эълон гардид.

Дар ҳақиқат илм пайроҳаи чароғи зиндагӣ, падидаи неки манзалати инсонҳо ва муқаддастарин маърифати зиндагии башарият мебошад. Маҳз илм ба зиндагии мо дар рӯи Замин равшанӣ андохта, маънии ҳаётро аз ҳама ҷониб тасниф менамояд. Донишу маърифат то имрӯз барои аҳли башар самараи хубе фароҳам овардаву минбаъд низ фароҳам меоранд. Азамату бузургии адабиёти миллати тоҷик маҳз аз донишу маърифат сарчашма мегирад, зеро дониш ва илму ҳикмат зулмату торикӣ ва решаҳои нодониро аз байн мебаранд. Мақому мартабаи донишманд ба қадре баланд аст, ки соҳиби онро дар тамоми олам, новобаста аз ҷову маконаш муҳтарам ва азиз дониста, қадрдонӣ мекунанд. Тавре бузургони мо гуфтаанд:

Илмат ба амал чу ёр гардад,
Қадри ту яке ҳазор гардад.

Ё ҷойи дигар омадааст:

Дониш талабу бузургӣ омӯз
То беҳ нигарад рӯзат аз рӯз.

Номбурда баён намуд, ки эълон гардидани озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» нишони он аст, ки чунин озмунҳо савияи дониши одамонро қавӣ гардонида, дар маҷмуъ ҳадафҳои бузурги миллиро пайгирӣ менамоянд.

Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) ва рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самт гузаронида мешавад.

Мавсуф афзуд, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва якчанд мақомоти давлатӣ, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, роҳбарони муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ҳамасола шумораи зиёди хонандагону донишҷӯён, аспирантону докторантон ва дигар қишрҳои ҷомеаро, ки ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, инчунин ихтироъкориву навоварӣ шавқу рағбат доранд, ҷалб намуда, ғолибонро бо ҷоиза ва омӯзгорони онҳоро бо мукофоти моддӣ ва маънавӣ қадрдонӣ менамоянд.

Озмун аз рӯйи ҳафт номинатсия- математика (арифметика, алгебра, геометрия), физика ва астрономия, химия, биология (ботаника, зоология, анатомия), география, технологияи иттилоотӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ гузаронида мешавад. Сарпарасти озмун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъулони баргузории озмун Академияи миллии илмҳо, Вазорати маориф ва илм, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати кишоварзӣ ва Саридораи геология мебошанд.

Бояд гуфт, ки озмун аз чор давр иборат буда, аз моҳи апрел то нимаи дуюми моҳи октябр ба таври зайл ташкил ва гузаронида мешавад:

Даври якум—моҳи апрел дар муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои илмӣ ва дигар ташкилот; даври дуюм—моҳи май дар маркази шаҳр ва ноҳияҳо (ба истиснои шаҳри Душанбе); даври сеюм — нимаи дуюми моҳи сентябр дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе; даври чорум—даври ҷумҳуриявӣ барои ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми даври сеюм нимаи дуюми моҳи октябр дар муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳо ва муассисаҳои таълимии сохтори Вазорати маориф ва илм.

Дар озмун шаҳрвандони мамлакат, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрантҳо, аспирантҳо, докторантҳо, докторантон ва намояндагони касбу кори гуногун) иштирок карда метавонанд.

Ба самъи иштирокдорон расонида мешавад, ки бо шартҳои озмун ва пайдо кардани маълумоти муфассал метавонанд тариқи сомонаи ravshanfikrt.tj шинос шуда, маводи зарурӣ ба даст оранд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонӣ

 

Апрель 12, 2024 13:43

Хабарҳои дигари ин бахш

«РАҚС МОРО МУТТАҲИД МЕКУНАД». Дар Тоҷикистон фестивали байналмилалии рақс доир мешавад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Киҳо метавонанд дар ин озмун иштирок намоянд?
«Дафтари Порис» дар Муассисаи фарҳангии ЭКО рӯнамоӣ шуд
ТЕАТР-ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ театри тоҷик мустақил гардид
Даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи театри тоҷик таҷлил мегардад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Пагоҳ дар Душанбе даври чоруми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Давлати Кувайт тарҷумаи арабии китоби академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» муаррифӣ гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023 — 2024» муайян шуданд
Тоҷикистон соли 2027 мизбони Форуми VI байналмилалии ҷавонони эҷодкор мегардад
Дар шаҳри Кӯлоб даври вилоятии Фестивали «Либоси миллӣ-осори тамаддуни ҷаҳон» баргузор гардид
ТОҶИКИСТОНИ ВОҲИД. Туҳфаи Пешвои миллат ба Осорхонаи миллӣ тақдим гардид