Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
ДУШАНБЕ, 26.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Аз 26 то 28 апрел дар ҷумҳурӣ номусоидии вазъи ҳаво пешгӯӣ шуда, борон (дар баландиҳои зиёда аз 2500 метр аз сатҳи баҳр борон ва барф) дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳои вилоятҳои Хатлон, Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бориши бошиддат меборад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба истиснои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ноҳияҳои алоҳида ба амал омадани раъду барқ ва боридани жола аз эҳтимол дур нест. Инчунин дар ин рӯзҳо дар баъзе минтақаҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сар задани зуҳуроти сел пешгӯӣ шуда, дар дарёҳои Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ) ва дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда баландшавии сатҳи об дар назар аст.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо борон (дар баландиҳои зиёда аз 3000 метр аз сатҳи баҳр борону барф) дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо бориши бошиддат пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 13-18 метр сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5+10 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 12+14 дараҷа гарм, рӯзона 16+21 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат (дар баландиҳои зиёда аз 2500 метр аз сатҳи баҳр борону барф) дар назар мебошад. Дар баъзе ноҳияҳо борони бошиддат борида, ба амал омадани раъду барқ аз эҳтимол дур нест. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 12+17 дараҷа гарм, рӯзона 21+26 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -1+4 дараҷа гарм, рӯзона 8+1дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад. Бориши борон дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо борони бошиддат борида, ба амал омадани раъду барқ ва боридани жола аз эҳтимол дур нест. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 12+17 дараҷа гарм, рӯзона 19+24 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 8+13 дараҷа гарм, рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои қисман абрнок пешгӯӣ шуда, бориши борон дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо борони бошиддат борида, ба амал омадани раъду барқ ва боридани жола аз эҳтимол дур нест. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 11+16 дараҷа гарм, рӯзона 17+22 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12 дараҷа гарм, рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои қисман абрнок пешгӯӣ шуда, бориши борон дар назар аст. Дар баъзе ҳолатҳо борони бошиддат борида, ба амал омадани раъду барқ ва боридани жола аз эҳтимол дур нест. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 14+16 дараҷа гарм, рӯзона 19+21 дараҷа гарм мешавад.








Дар Миср бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Рӯзи Парчами давлатиро ҷашн гирифтанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе чангу ғубор ба амал меояд
ШУКУҲИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоиши идона доир шуд
Парчами давлатӣ симои Тоҷикистонро чун давлати соҳибистиқлолу соҳибтамаддун дар ҷаҳон муаррифӣ менамояд
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон ҷамъомад доир гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Рӯдакӣ нақшаи ҷамъоварии пахта 101 фоиз иҷро гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
«ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН-РАМЗИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ». Дар Институти астрофизика дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Бастаҳои интернетии «Одӣ»: осон, мувофиқ, муфид






