ИМРӮЗ- РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Онҳо дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, ҳимояи қонуният ва адолат қарор доранд

Апрель 20, 2024 11:19

ДУШАНБЕ, 20.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола 20 апрел Рӯзи кормандони мақомоти адлия эълон шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».  Вобаста ба  ин сана  АМИТ «Ховар» матлаби зеринро пешкаши хонандагон менамояд:

— Моҳи декабри соли 2021 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ҷаласаи иҷлосияи сеюм, даъвати шашум лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро қабул карданд, ки тибқи он 20 апрел Рӯзи кормандони мақомоти адлия муайян карда шуд.

Бояд ёдовар гардид, ки то қабул шудани иловаҳо ба қонуни мазкур  Рӯзи кормандони мақомоти адлия санаи аниқ надошт ва ҳамасола  якшанбеи дуюми моҳи октябр намояндагони  ин соҳа иди касбии худро ҷашн мегирифтанд. Интихоб шудани ин сана  ба қабул  гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»  маҳз дар ҳамин рӯз – 20 апрели соли 2021 рабт дорад.

Таҷриба собит намуд, ки идоракунии сохти ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа танҳо тавассути муқаррар намудани меъёрҳои муайян дар ин соҳаҳо, ки риояи онҳо барои ҳар як узви ҷомеа ҳатмӣ мебошад,  имконпазир аст. Баъдан чунин тартиби меъёрэҷодкунӣ мафҳуми низоми қонунгузориро гирифт. Вале муқаррар намудани меъёр як тарафи масъала буда, таъмини риояи меъёрҳои муқарраргардида вазифаи муҳимест, ки назорати доимӣ ва масъулияти беандозаро талаб мекунад. Дар низоми давлатдорӣ мақомоте, ки таъмини сиёсати ҳуқуқии давлатро амалӣ мегардонад, мақомоти адлия номида мешавад.

Мақомоти адлияи тоҷик ҳам дар ин давраи таърихӣ роҳи дуру дарозеро тай намуда, барои барқарор намудани адолат, таъмини ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва тарғибу ташвиқи ҳуқуқӣ корҳои зиёдеро ба сомон расонидааст ва дар баробари он мавқеъ ва нақши худро дар низоми идоракунии давлатӣ муайян намудааст. Таъсиси мақомоти адлия дар шакли имрӯзааш низ таърихи басо ибратомӯз дорад.

Нақш ва мавқеи хосаи Вазорати адлия баъд аз Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам тақвият ёфт ва махсусан дар солҳои ноороми ҷумҳурӣ ин мақомот сарфи назар аз ҳама мушкилиҳову кӯшишҳо тавонист адолати комилро нигоҳ дошта, алайҳи ҳама кӯшишҳои муғарризона истодагарӣ намояд.

Мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд, дар ҳимояи қонуният ва адолат қарор дошта, барои устувор гардидани пояҳои ҳуқуқии мақомоти давлатӣ, ташаккул ёфтани низоми ҳуқуқии ҷумҳурӣ, ба талаботи ҷомеаи ҷаҳонӣ мутобиқ шудани он саъю кӯшиши зиёдеро ба харҷ додаст, ки ин анъанаи корӣ то ба имрӯз давом ёфта истодааст ва давом хоҳад ёфт.

Фаъолияти мақомоти адлия аз рӯи мазмун ва моҳияти худ фаъолияти давлатӣ ба шумор рафта, дар доираи салоҳияти он ба амал бароварда мешавад. Ин фаъолият маҳз дар солҳои Истиқлоли давлатиро ба даст овардани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаматарафа инкишоф ёфт ва барои бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ асос гузошт.

Яке аз комёбиҳои бузургтарини даврони соҳибистиқлолӣ дар соҳаи танзими ҳуқуқӣ ин қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки бо роҳи раъйпурсиии умумихалқӣ 6 ноябри соли 1994 қабул гардида, ғояҳои пешқадами ҷамъиятиву сиёсӣ, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, таъмини пурраи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, гуногунандешии сиёсиву идеологиро дар худ таҷассум намуд.

Қабул шудани Конститутсияи давлати мустақили Тоҷикистон, ки воридкунандаи андеша, афкор, арзиш ва усули комилан нави давлатдорию ҳуқуқэҷодкунӣ мебошад, бори аввал дар таърихи ҳуқуқэҷодкунии кишвар зарурати қабули як силсила қонунҳои конститутсиониро пешбинӣ намуд. Таҳия ва қабули кодексҳои гражданӣ, меҳнат, манзил, ҷиноятӣ, андоз, гумрук ва ғайра, ки поясутуни соҳаҳои ҳуқуқи марбута мебошанд, дар мазмуну мӯҳтавиёти хеш тамоми андешаҳои ҳуқуқи муосирро, ки онҳо аз умқи таърихи афкори мутараққии башар илҳом мегиранд, инъикос намудаанд. Дар таҳия ва қабули ҳамаи ин санадҳо Вазорати адлия саҳми бевосита дорад.

Хусусияти хоси Вазорати адлия дар он зоҳир мегардад, ки вай дар баробари мақомоти судӣ ба амалисозӣ ва таъмини адолат сару кор дошта, мутобиқати санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ба қонунгузории амалкунанда таъмин менамояд ва бо ин роҳ ҳуқуқу манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрвандро зери ҳимоя қарор медиҳад.

Қобили таваҷҷуҳ аст, ки дар ин раванд на танҳо ҳуқуқу манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд, ҳамчунин сохти ҷамъиятӣ ва давлатӣ, тамоми шаклҳои моликият, ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, дигар ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсӣ ва молу мулкии шаҳрвандон, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии корхонаву муассисаҳо ва ташкилотҳои дорои шаклҳои гуногуни моликият низ мавриди ҳимоя қарор дода мешаванд.

Мавриди тазаккур  аст, ки пешбурди фаъолияти тарғибу ташвиқи ҳуқуқӣ, меъёрэҷодкунӣ, ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон, иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, экспертизаи судӣ ва криминалистӣ ҳадди ниҳоии доираи фаъолияти Вазорати адлия набуда, ҳамчунин мутобиқи Низомномаи худ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми сентябри соли 2021 тасдиқ гардидааст, вазифаҳои таъмини ҳуқуқии фаъолияти меъёрэҷодкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба қайди давлатӣ гирифтани иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, сабти давлатии санадҳои хислати умумиҳатмӣ доштаи вазорату идораҳои давлатӣ, расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқиро ба амал мебарорад. Аз ин ҷо, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба тартиб даровардани қонунгузории Тоҷикистон дастурҳо дода, ба мақомоти давлатӣ ҷиҳати ба амал баровардани фаъолияти тарғибу ташвиқи ҳуқуқӣ ёрии амалии худро мерасонад.

Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон доираи фаъолият ва салоҳияти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле такмил ёфта, он ба яке аз мақомоти давлатии калидӣ дар таҳкими ислоҳоти ҳуқуқӣ ва таъмини сиёсати ҳуқуқии давлат табдил ёфтааст. Маҳз истиқлолият саҳифаҳои навро дар фаъолияти низоми адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боз намуд. Тағйиротҳои куллии таърихӣ боиси тавлид ёфтани санадҳои нави қонунгузорие гаштанд, ки то ин дам онҳо ба вуҷуд наомада буданд.

Айни ҳол  Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи давраи нави таърихи пуршарафи худ қарор дорад ва бо ин иқтидори тахассусӣ ва маънавии доштаи худ имконияти воқеие дорад, ки минбаъд ҳам сиёсати ҳуқуқии давлатро бо мақсади эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд боэътимод пеш барад, то ки дар он ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии ҳар як шаҳрванд ҳаматарафа ҳифз карда шавад.

Акрам САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонӣ

Апрель 20, 2024 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш

МАНДАРИН — МЕВАИ БОЛАЗЗАТУ ХУШБӮЙ. Афшураи он нӯшокии парҳезӣ ва тиббӣ маҳсуб мешавад
НАҚШИ МУШОҲИДОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Шарҳи Котиби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон сабаби ба амал омадани тумани рӯзҳои охирро шарҳ дод
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тарбия аз оила сарчашма мегирад» муайян шуданд
Ба Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология таҷҳизоти сейсмикӣ ва озмоишӣ супорида шуд
Дар Осорхонаи миллӣ намоиши хайриявӣ баргузор гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Марҷумак растании серғизо, парҳезӣ, зудҳазм ва давоӣ буда, хатари сактаи дилро пешгирӣ менамояд
СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ҳайати Ҳизби Коммунистии Чин мулоқот намуд
Мулоқоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо раиси Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Ҳангоми гарм кардани хонаҳо бо ангишт қоидаҳои махсуси истифодаи онро риоя намоед
ИНТИХОБОТ-МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ. Он ягона чорабинии сиёсӣ аст, ки дар он ҳама ҳуқуқи иштироки баробар, ошкоро ва озод доранд