ИМСОЛ ҲАМ ДАР РӮЗИ АВВАЛ — 100 ФОИЗ. Дар Бадахшон дар рӯзи аввал нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро карда шуд
ДУШАНБЕ, 01.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Нақшаи даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар рӯзи аввали даъват 100 фоиз иҷро шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ин вилоят хабар медиҳад.
Бояд гуфт, ки вилоят ҳамасола дар ҷалби наваскарон пешсаф буда, нақшаро дар рӯзи нахустин иҷро менамояд.
Ёдовар мешавем, ки 5 марти соли 2024 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбии муҳлати хизматро адокарда ва даъвати навбатии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ имзо шуд.
Тибқи ин фармон, хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои апрел-майи соли 2024 аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Гвардияи миллӣ, Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ, Қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, бригадаи посбоникунандаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия, баталйони кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсус ба эҳтиёт рухсат дода мешаванд.
Моҳҳои апрел-майи соли 2024 шаҳрвандони ҷинси марди соли таваллудашон 1997-2007-и то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синни калонтар, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба ин сохтору воҳидҳо даъват мешаванд.
АКС аз бойгонӣ








ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид






