Иштирокдорони ҳамоиш дар Душанбе ҷойгоҳи Айнӣ дар ташаккули мафкураи миллиро баррасӣ намуданд

Апрель 27, 2024 15:56

ДУШАНБЕ, 27.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Саҳми устод Садриддин Айнӣ дар бедории хотираи таърихии миллат беназир буда, осори гаронбаҳои ин шахсияти таърихӣ ҳамчун мероси гаронмоя заминаи ташаккули мафкураи миллӣ гардидааст. Ин нукта дар ҳамоиш таҳти унвони «Осори Садриддин Айнӣ ҳамчун  заминагузори мафкураи миллӣ», ки ба бузургдошти Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣдар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Шурои олимони ҷавони марказ баргузор гардид, баён карда шуд.

Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки иштирокдорони ҳамоиш доир ба саҳми Устод Садриддин Айнӣ дар рушди афкор ва хушиносии миллати тоҷик сухан намуданд.

Таъкид шуд, ки бо назардошти равандҳои ноустувор дар ҷомеаи он замон саъю талош ва фидокориҳои Айнӣ дар самти худшиносии миллӣ имкон фароҳам овард, ки асолати таърихии миллати тоҷик илман исбот карда шавад. Гуфта шуд, ки Устод Садриддин Айнӣ муборизи роҳи худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ буд.

Садриддин Айнӣ дар таърихи фарҳанг ва адабиёти форсу тоҷик   на танҳо сардафтари адабиёти муосири тоҷик эътироф мегардад, балки ӯ ҳамчун пешвои мактабҳои маърифативу фикрӣ бунёдгузори равандҳои ҷадиди таҳқиқи мероси ниёгон, муборизи роҳи худшиносиву худогоҳии миллӣ ва таърихшиносу таърихнигорӣ низ шинохта мешавад. Хизматҳои устод Садриддин Айнӣ дар таърихи ташаккули миллати тоҷик дар қарни ХХ ва тақвияти ҷараёнҳои фикриву маънавӣ ва маърифатии халқи тоҷик, таҳкими истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаккули тамаддун ва худшиносии миллӣ арзишманд мебошанд.

Иштирокдорони ҳамоиш дар мавзуи «Саҳми Устод Садриддин Айнӣ дар кашфи зодгоҳи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ» маъруза намуда, иброз доштанд, ки яке аз хизматҳои бузурги Садриддин Айнӣ дар илми рӯдакишиносӣ муайян кардани зодгоҳи аслӣ ва дарёфтани қабри устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ мебошад. Устод Айнӣ дар натиҷаи кӯшишу ҷустуҷӯйи зиёд баъди гузашти беш аз ҳазор сол қабри устод Рӯдакиро пайдо кард ва ин кашфиёт аз ҷониби кулли донишмандони ҷаҳон эътироф гардид.

Дар анҷом зимни мубоҳисаи озод иштирокдорони ҳамоиш андешаҳояшонро доир ба саҳми Садриддин Айнӣ дар ташаккули хотираи таърихӣ иброз намуданд.

АКС: Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 27, 2024 15:56

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад