Кишоварзони шаҳри Панҷакент азм доранд майдони кишти картошкаро ба 5 ҳазор гектар расонанд
ДУШАНБЕ, 14.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони шаҳри Панҷакент то имрӯз дар майдони беш аз 500 гектар картошка шинонидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 228 гектар зиёд мебошад.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар медиҳад, илова ба захираи мавҷуда 2300 тонна тухмии навъҳои серҳосили картошка ворид карда шуда, дар ҳама минтақаҳои шаҳр кишти картошка идома дорад.
Имсол кишоварзон таваҷҷуҳи асосиро ба баланд бардоштани боздеҳи замин ва афзун намудани ҳосили ин зироати муҳим равона намуда, дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ майдони кишти онро ба 5 ҳазор гектар расониданианд.
Дар кишти картошка деҳқонон аз таҷҳизоти картошкашинонӣ, механизмҳои хурд ва ҷуфти гов низ истифода менамоянд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент










Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






