Кормандони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 16.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз бо мақсади эҳёи суннатҳои ниёгон ва бозиҳои миллии тоҷикона дар саҳни Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов ҳамоиши идона баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар барномаи наврӯзӣ ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулло Раҳмонзода, роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони вазорату идораҳои мамлакат, сафоратхонаҳои муқими Тоҷикистон, масъулини соҳа ва варзишгарон иштирок намуданд.
Гуфта шуд, ки ҳадаф аз баргузории бозиҳои миллӣ эҳёи бозиҳои варзишии ниёгонамон мебошад.
Аз ҷумла, донишҷӯён бозиҳои миллии варзишии гӯштини миллӣ, дастхобонӣ, бандкашӣ ва шашкаю шоҳмот, тухмҷанг, бандпарак, қолбозӣ, буҷулбозӣ, чормағзбозӣ, сангчабозиву ғайраро ба намоиш гузоштанд.


Инчунин зимни маҳфили идона аз ҷониби раёсату бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, мактабҳои варзишии мамлакат дастовардҳои илмиву эҷодии устодону дастпарварон намоиш дода шуд.
Ҳамзамон дар саҳни донишгоҳ гӯшаҳои махсус оид ба таърихи Наврӯз, таому бозиҳои миллӣ ва дастранҷи ҳунарҳои мардумӣ манзури ҳозирин гардонида шуданд.
Гуфта шуд, ки таърихи ҷашни Наврӯз аз қаъри ҳазорсолаҳо сарчашма мегирад ва бо сарнавишти пурпечутоб, вале пурифтихору ибратомӯзи халқи тоҷик робитаи ногусастанӣ дорад. Тоҷикистон яке аз давлатҳои ташаббускори ҷаҳонишавии ҷашни Наврӯз маҳсуб шуда, бо ибтикору пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашни бошукуҳ мақоми байналмилалӣ касб намуд. Он дар ҷаҳон бо риояи суннатҳои неки наврӯзӣ ҳамасола таҷлил мегардад, ки ин мояи ифтихори мо, тоҷикон мебошад.
Иброз шуд, ки бо ҷаҳонӣ шудани ҷашни Наврӯз рисолат ва нақши он дар самти густариши ҳамкориву табодули фарҳангҳо, ҳусни тафоҳуми байни миллатҳо ва таҳкими сулҳу субот дар байни халқҳои олам боз ҳам тақвият пайдо намуд.
Таъкид гардид, ки Наврӯз аз зинда шудани табиат, оғози соли нави аҷдодӣ ва мавсими кишту кор мужда расонида, сокинони мамлакат дар радифи тозаву озода, ободу зебо ва сабзазоркунии хонаву кошона, маҳалли зист, шаҳраку деҳот ба истиқболи Наврӯз дастархони идона меороянд, чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ ташкил намуда, ба мавсими кишти баҳорӣ бо руҳияи баланду созанда вусъат мебахшанд.
Ҳамзамон бо иштироки ҳунармандон барномаи фарҳангӣ манзур гардид.
Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳирҷон САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»


















Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






