Кормандони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд

Апрель 16, 2024 18:34

ДУШАНБЕ, 16.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз бо мақсади эҳёи суннатҳои ниёгон ва бозиҳои миллии тоҷикона дар саҳни Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов ҳамоиши идона баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар барномаи наврӯзӣ ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулло Раҳмонзода, роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони вазорату идораҳои мамлакат, сафоратхонаҳои муқими Тоҷикистон, масъулини соҳа ва варзишгарон иштирок намуданд.

Гуфта шуд, ки ҳадаф аз баргузории бозиҳои миллӣ эҳёи бозиҳои варзишии ниёгонамон мебошад.

Аз ҷумла, донишҷӯён бозиҳои миллии варзишии гӯштини миллӣ, дастхобонӣ, бандкашӣ ва шашкаю шоҳмот, тухмҷанг, бандпарак, қолбозӣ, буҷулбозӣ, чормағзбозӣ, сангчабозиву ғайраро ба намоиш гузоштанд.


Инчунин зимни маҳфили идона аз ҷониби раёсату бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, мактабҳои варзишии мамлакат дастовардҳои илмиву эҷодии устодону дастпарварон намоиш дода шуд.

Ҳамзамон дар саҳни донишгоҳ гӯшаҳои махсус оид ба таърихи Наврӯз, таому бозиҳои миллӣ ва дастранҷи ҳунарҳои мардумӣ манзури ҳозирин гардонида шуданд.

Гуфта шуд, ки таърихи ҷашни Наврӯз аз қаъри ҳазорсолаҳо сарчашма мегирад ва бо сарнавишти пурпечутоб, вале пурифтихору ибратомӯзи халқи тоҷик робитаи ногусастанӣ дорад.  Тоҷикистон яке аз давлатҳои ташаббускори ҷаҳонишавии ҷашни  Наврӯз маҳсуб шуда, бо ибтикору пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашни бошукуҳ мақоми байналмилалӣ касб намуд. Он дар ҷаҳон бо риояи суннатҳои неки наврӯзӣ ҳамасола таҷлил мегардад, ки ин мояи ифтихори мо, тоҷикон мебошад.

Иброз шуд, ки бо ҷаҳонӣ шудани ҷашни Наврӯз рисолат ва нақши он дар самти густариши ҳамкориву табодули фарҳангҳо, ҳусни тафоҳуми байни миллатҳо ва таҳкими сулҳу субот дар байни халқҳои олам боз ҳам тақвият пайдо намуд.

Таъкид гардид, ки Наврӯз аз зинда шудани табиат, оғози соли нави аҷдодӣ ва мавсими кишту кор мужда расонида, сокинони мамлакат дар радифи тозаву озода, ободу зебо ва сабзазоркунии хонаву кошона, маҳалли зист, шаҳраку деҳот ба истиқболи Наврӯз дастархони идона меороянд, чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ ташкил намуда, ба мавсими кишти баҳорӣ бо руҳияи баланду созанда вусъат мебахшанд.

Ҳамзамон бо иштироки ҳунармандон барномаи фарҳангӣ манзур гардид.

 

Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳирҷон САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»

Апрель 16, 2024 18:34

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Дар Хуҷанд мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс доир гардид
Дар Федератсияи варзиши сайёҳии Тоҷикистон ҷаласаи ҳисоботӣ – интихоботӣ доир гардид
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона тими миллии Непалро мағлуб намуд
ФУТБОЛ. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Непал бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) барои баргузории бозиҳои дӯстона ба Дубай сафар намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозӣ бо тими миллии Непал омодагӣ мебинад
Сорбон Латипов соҳиби медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо гардид
Виктория Киселёва аз Тоҷикистон соҳиби медали тиллои мусобиқаи «Hong Kong Asian Open» гардид
Дар шаҳри Бохтар толори варзишӣ ифтитоҳ гардид
Бозии дӯстонаи Тоҷикистон – Непалро ҳайати доварони Русия ҳакамӣ мекунад
Рустам Ятимов дар бозиҳои охирини дастаи футболи «Ростов»-и Русия соҳиби ду ҷоиза гардид
Деваштич Убайдӣ дар рӯзи аввали Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо дар Остона мақоми панҷумро соҳиб гардид