«КОРВОНИ САЛОМАТӢ». Ба сокинони Ҷамоати Сайф Раҳими ноҳияи Балҷувон хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд

Апрель 29, 2024 15:45

БАЛҶУВОН, 29.04.2024  /АМИТ «Ховар»/. Сокинони деҳаи Зарнисори Ҷамоати  Сайф Раҳими ноҳияи Балҷувон аз  хизмати «Корвони саломатӣ» бархурдор шуда, аз ташхису муоинаи тиббӣ ройгон истифода бурданд.

Тавре ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ доданд, ҳамасола  бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ   ба аҳолии ноҳия  кумаки аввалини тиббӣ расонида шуда, онҳо ба ташхису муоинаи тиббӣ фаро гирифта мешаванд. Ин навбат низ мутахассисони тиб сокинони деҳаи Зарнисорро аз ташхиси ултрасадо, рентген, лабораторияҳои сайёр барои бемориҳои гурда, чашм, асаб, дилу рагҳои хунгард, шуш, роҳҳои нафас, фишорбаландӣ, қанд ва дигар бемориҳо гузаронида, ҳамзамон баҳри пешгирӣ ва усулҳои табобати бемориҳо аз ҷониби мутахассисони баландпояи соҳаи тиб маслиҳату тавсияҳои муфид дода шуданд.

Сокинони деҳа дар бунгоҳи саломатии деҳа бештар ба табибони асабшинос, кардиолог, чашму гӯшу бинӣ, бемориҳои ҳозима ва ташхиси рентгенӣ муроҷиат намуданд. Сокинон аз ташкили «Корвони саломатӣ» бисёр хушнуд шуда,   миннатдориашонро  ба  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилкунандагон изҳор намуданд.

Чунин ташаббусҳо минбаъд низ идома ёфта, кормандони соҳаи тандурустӣ ба аҳолии ноҳияҳои кӯҳистон, ки ба чунин хизматрасониҳо ниёз доранд, кумаки тиббӣ мерасонанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон

Апрель 29, 2024 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе