Мафкураи солим ва дониши мукаммал омили муҳими рушди устувор ва амнияти ҷомеа мебошад

Апрель 27, 2024 08:28

ДУШАНБЕ, 27.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Таърихи тамаддуни башарият аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҳамон халқе аз ҷаҳолату нестӣ раҳо меёбад, ки  наслҳои он соҳиби мафкура ва ҷаҳонбинии солим бошад. Мафкура ва ҷаҳонбинии солим ба рушди маънавиёти ҷомеа вобастагии амиқ дорад. Таҷрибаи ҳаёти инсоният собит намудааст, ки дар ҳама марҳилаҳои таърихӣ унсури асосии тамаддун ҷаҳонбинӣ ба шумор мерафт ва меравад. Ҷаҳонбинӣ аз илму дониш маншаъ гирифта, дар ташаккули шахс ва рушди он нақши меҳварӣ дорад.

Аҳамияти илму донишро ҳанӯз аз аҳди бостон мутафаккирони мухталиф, махсусан донишмандони тоҷик иброз намудаанд. Тоҷикон чун дигар халқҳои тамаддунофар ба илму дониш аз ибтидо арҷ гузошта, дар марҳилаҳои мухталифи таърихӣ тавассути фарзандони фарзона дар рушду инкишофи илми ҷаҳонӣ саҳми муносиб гузоштаанд. Чеҳраҳои барҷаста ва мондагори тоҷик, ба мисли Ҷобир ибни Ҳаён, Закариёи Розӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Абӯрайҳони Берунӣ, Абунасри Форобӣ, Муҳаммад Ғазолӣ, Насриддини Тусӣ, Умари Хаём ва садҳо шахсияти дигар дар рушди илми ҷаҳонӣ бо кору пайкори хеш саҳми муносиб гузошта, миллати моро чун халқи тамаддунофар муаррифӣ намудаанд. Маҳз илму дониш миллати тоҷикро дар дарозои таърих дар рӯ ба рӯи тамоми падидаҳои номатлуб, махсусан сиёсатҳои аҷнабиён ҳамчун сипар ҳифз намуд. Хиради азалӣ ва осори илмии Ибни Сино, Абӯрайҳони Берунӣ, Умари Хайём, Абдураҳмони Ҷомӣ то академик Бобоҷон Ғафуров ба миллати тоҷик умри ҷовидона бахшид. Маҳз чунин мафкура ва зеҳни пешқадам миллати моро дар сатҳи ҷаҳон муаррифӣ намуд. Ниёкони мо ба илм ҳамчун шамъе, ки ба ҳаёт рӯшноӣ мебахшад, муносибат намуда, дар рушди он нақши муассир гузоштанд.

Маҳз фазилату дониши чеҳраҳои барҷастаи тоҷик, ба  монанди Абӯҳанифа Имоми Аъзам, Имом Тирмизӣ, Имом Бухорӣ ва Муҳаммад Ғазоливу даҳҳо дигарон буд, ки илму дин созиш карда, беҳтарин осори илмӣ рӯи чоп омад. Аҷдоди мо ба ҳама падидаҳои ҷомеа аз лиҳози маърифатӣ назар мекард, ки он аз илму дониш сарчашма мегирифт. Арҷгузорӣ ба илму дониш яке аз анъанаҳои неки мардуми тоҷик ба шумор рафта, таърихи бесобиқа дорад.

Имрӯз дар шароити истиқлоли давлатӣ ва раванди ҷаҳонишавӣ, махсусан бархӯрди манфиатҳо зарур аст, ки ҷиҳати амалӣ гардидани тамоми ҳадафҳои муҳимму стратегӣ бештар ба соҳаи илм диққат диҳем. Бояд гуфт, ки аз рӯзҳои аввали истиқлоли давлатӣ дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат ҳамчун самти афзалиятноки ҷомеа ба соҳаи илм диққати махсус дода мешавад. Дар ин давраи кӯтоҳи таърихӣ ҷиҳати таҳким бахшидан ва марҳила ба марҳила фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ чораҳои зиёду судманд дар амал татбиқ гардида, таъмиру барқарорсозии муассисаҳои илмӣ тезонида шуд.

Дар доираи сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёре аз муассисаҳои илмӣ аз нав таъмир шуда, пояи моддию техникии онҳо барқарор гардид. Ҳамчунин бо мақсади зиёд намудани теъдоди олимони ҷавон тадбирҳои судманд андешида шуданд. Шароит фароҳам гардид, ки ба таҳқиқи илмӣ машғул шаванд ва масъалаҳои ҳаётан муҳимро мавриди пажуҳиш қарор диҳанд.

Тавре ки Пешвои миллат таъкид намудаанд: «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба неруҳои ақлонӣ, махсусан ба рушди илму маориф, тарбияи насли нави соҳиби донишу маърифати баланд таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар ҳалли масоили муҳимми ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ хулосаҳои илмӣ, донишу малака ва дархосту пешниҳодоти онҳоро мавриди истифода қарор медиҳад».

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки новобаста аз мушкилот дар ин давра бо мақсади рушди босуботи илм ва ба роҳ мондани технологияҳои муосир бо истифода аз неруи илмии ҷумҳурӣ аз дастовардҳои олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва академияҳои соҳавӣ барои дар истеҳсолоти ватанӣ ҷорӣ кардани дастовардҳои олимони тоҷик корҳои зиёд ба анҷом расонида шуд.  Бешубҳа, дар айни замон ҳамон давлате истиқлоли комили хешро таъмин карда метавонад, ки ба илм ҳамчун механизми рушди тафаккури техникӣ, технологияи муосир ва ҷаҳонбинии иттилоотӣ ва омилҳои муҳиму рушдбахшандаи иқтисодиёт таваҷҷуҳ зоҳир намояд. Мушоҳидаҳои имрӯзи ҷомеаи ҷаҳонӣ исботи он аст, ки ҷиҳати соҳиб гардидан ба мақоми сазовор дар сатҳи байналмилалӣ давлатҳои мутамаддин бештар ба соҳаи илм афзалият мебахшанд.

Имрӯз бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҷомеа дар заминаи илму дониш ҳар шаҳрванди мамлакатро зарур аст, ки фаъолияташро бо назардошти талаботи замони муосир амалӣ намуда, тамоми имконотро баҳри тарбияи насли бофарҳангу ватандӯст, ворисони арзандаи сарзамини аҷдодӣ, ҳамчунин омода намудани кадрҳои болаёқат ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир равона созад.

Бояд гуфт, ки барои руҳбаланд гардидани олимон ва дастгирии ин самти афзалиятноки ҷомеа ба мушкилоти сиёсӣ нигоҳ накарда, соли 1996 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо олимони мамлакат мулоқот намуданд. Маҳз ҳамин мулоқот бо доираҳои илмии ҷумҳурӣ боиси боз ҳам мукаммал гардидани фаъолияти олимон шуд. Дар ин вохӯрӣ Президенти мамлакат тариқи суҳбати ошкоро ба донишмандону фозилони ҷумҳурӣ масъалаҳои мавҷудаи мушкилоти соҳаи илм ва муассисаҳои илмию таҳиқотиро дар давраи гузариш ва роҳҳои ҳаллу фасли мушкилоти соҳаро мавриди баррасӣ қарор дода, нақши тақдирсози илм ва неруи зеҳниву ақлонии ҷумҳуриро дар инкишофи босуботи иқтисоду фарҳанг ва ташаккули тафаккури созандаву ватандӯстонаи шаҳрвандон муҳим арзёбӣ намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди роҳбарияти Академияи миллии илмҳо ҳамчун муассисаи пешбарандаи соҳа ва тамоми олимон аз рӯзҳои нахуст вазифа гузоштанд, ки илм ба шароити нав мутобиқ карда шавад. Яъне тибқи талаботи ҳаёти иқтисодӣ ва моддию маънавии ҷумҳурӣ ба роҳ мондани фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ. Ба ҳамагон маълум аст, ки асри ХХI – асри рушди босуръати илму техника ва технологияҳои нав, зуҳури уфуқҳои нави илм ва таҳаввулоти ҷиддии илмию техникӣ мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама вохӯриҳо бо аҳли зиёи ҷумҳурӣ даъват менамоянд, ки олимону кормандони Академияи миллии илмҳо ва муассисаҳои таҳқиқотӣ дар самти пажуҳиш, тарбияи кадрҳои илмӣ тадбирҳои самаранок андешида, барои баланд бардоштани сатҳу сифат ва фаъолияти пурсамари илмӣ аз тамоми имконот истифода намоянд.

Як нуктаи муҳимро бояд таъкид созем, ки дар айни замон илм ба рукни муҳимми иҷтимоӣ, манбаи арзишманд, неруи истеҳсолкунанда ва сарвати қиматтарини зиндагии инсон табдил ёфтааст. Тамоми равандҳои ҷаҳони муосир имрӯз талаб менамоянд, ки ҳар шахс дар ҷомеа ҳатман бояд соҳиби донишу маърифат бошад. Тамоми иқдому ибтикороти Ҳукумати ҷумҳурӣ бо сарварии Пешвои муззами миллат талаби замони муосир мебошад. Дар ибтидои асри нав миллати куҳанбунёди тоҷик ба иқтисоду истеҳсолоти замонавию ҷавобгӯ ба манфиатҳои давлатдории миллӣ, татбиқи комёбиҳои тамаддуни ҷаҳонӣ ва илму технологияи нав, насли дорои тафаккури созанда ва донишу ҷаҳонбинии нав, ки барои инкишофу пешрафти ояндаи босуботи мамлакат хидмат намояд, эҳтиёҷ дорад. Ин эҳтиёҷи миллатро ҳамон қишри зиёии ҷомеа қонеъ менамояд, ки маҳорати хешро дар омода намудани кадрҳои ҷавон самаранок истифода барад. Дар робита ба ин зарур аст, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо тамоми ҳайати кормандони илмӣ талош намояд, то рисолати касбӣ самаранок иҷро шавад.

Маълум аст, ки рақобатпазирии миллату давлатҳо дар шароити муосир аз рӯи имконоти онҳо, ки дар ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ, донишҳои навро тавлиду амалӣ месозад, муайян мегардад. Махсусан, дар раванди бархӯрди тамаддунҳо, ки маҳсули ҷаҳонишавӣ мебошад, илму дониш ба соҳаи муҳимме табдил ёфтааст, ки барои рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ мусоидат менамояд. Дар робита ба ин бояд гуфт, ки меҳнати фикрӣ омили аз ҳама муҳимми рушди устувор ва амнияти ҳар мамлакат ба ҳисоб меравад. Ҳамон ҷомеа ва ҳамон миллату давлате минбаъд рақобатпазир шуда метавонад, ки самаранокӣ ва сифати маҳсули меҳнати фикриаш бартарӣ дорад. Маҳз меҳнати фикрӣ раванди рушди босуботи ҷомеаро мушаххасу муайян месозад. Меҳнати фикрӣ умри миллатро ҷовидон гардонида, ба он тавоноӣ мебахшад. Ба истилоҳи дигар, нишони тавоноии миллату давлат дар мафкураи солиму ояндасози ҷомеаи он ниҳон аст. Дар раванди ҷаҳонишавӣ неруи зеҳнӣ нақши ҳалкунанда дорад. Имрӯз неруи зеҳнии ҷомеа ба ченаки муҳим ва муайянкунандаи рушди ҷомеа мубаддал гардида, заиф шудани он ба амният ва истиқлоли давлатҳо таъсири манфӣ мерасонад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади уствор намудани неруи зеҳнӣ дар заминаи меҳнати фикрӣ шумораи муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, марказҳои илмии макотиби олӣ зиёд шуда, барои аҳли зиё шароити созгор фароҳам оварда шудааст. Ҳамчунин дар ин радиф бо мақсади тайёр намудани ашхоси дорои дараҷа ва унвонҳои илмӣ, аз қабили номзад ва доктори илм, профессору академикҳо тадбирҳои зиёд амалӣ мешаванд. Бо мақсади амалӣ намудани ҳадафи мазкур қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Барномаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009–2015)» қабул карда шуд.

Дар робита ба неруи зеҳнӣ бояд як нуктаро иброз намуд, ки дар айни замон на танҳо дар мамлакати мо, балки дар пажуҳишгоҳҳои илмии ҷаҳон нарасидани олимону мутахассисон ба назар мерасад. Дар ҳама давру замон неруи зеҳнӣ диққати ҷомеаи ҷаҳониро ҷалб менамуд. Чи хеле, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тазаккур додаанд, «баҳри ҷалби «зеҳнҳо» миёни мамлакатҳо рақобати ҷиддӣ вуҷуд дорад».

Имрӯз ба хотири устувор намудани неруи зеҳнии ҷумҳурӣ, махсусан аз ҳисоби ҷавонон омода намудани олимон чораҳои бисёр муҳимму саривақтӣ дар амал татбиқ гардида истодаанд. Махсусан, таъсиси стипендияҳои президентиву ҷоизаҳо, баланд бардоштани стипендия ва таъсиси хобгоҳҳои махсус барои унвонҷӯён боиси ҷалби ҷавонон ба самти илм гардид. Дар ин радиф ташкили шуроҳои диссертатсионӣ дар назди Академияи миллии илмҳо ва муассисаҳои олии таълимӣ ва Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити мусоидро баҳри ҷалби бештари ҷавонон ба соҳаи илм ва аз ҳисоби онҳо омода намудани олимон фароҳам овард.

Дарвоқеъ, илм чи дар гузашта ва чи имрӯз нақши калидӣ дошта, ба инкишофи миллату давлат муосидат менамояд. Дар айни замон дар ҷумҳурӣ рушди илмҳои бунёдӣ афзалият дошта, самарнок пеш бурдани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ рисолати аввалиндараҷаи олимони соҳа маҳсуб меёбад. Ҷиҳати беҳтар намудани натиҷаи корҳои илмию таҳқиқотӣ ва истифодаи амалии онҳо дар рушди иқтисодиёти мамлакат Президенти ҷумҳурӣ дар Паём ба Маҷлиси Олии мамлакат пешниҳод намуда буданд, ки дар сохтори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Маркази таҳқиқоти технологияи инноватсионӣ таъсис дода шавад, то донишмандони техникаю технология, ҷавонони болаёқат ва ихтироъкор ба корҳои илмию пажуҳишӣ ҷалб карда шаванд.

Ҳамин тавр, тамоми ташаббус ва талошҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, махсусан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишони онанд, ки илми қарни ХХI дар ҳалли масъалаҳои рушди устувори иқтисоди ҷаҳон, кашфи кайҳон, ҳалли мушкилоти глобалӣ, ба монанди камбизоатӣ, хароб гардидани муҳити зист, амният дар соҳаи озуқаворӣ ва таъмини аҳолии сайёра бо оби ошомиданӣ ва дар маҷмуъ рушди инсоният нақши муҳимму муассир дорад. Бо назардошти ин нуктаҳо имрӯз зарур аст, ки олимони мамлакат дар роҳи амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии давлат нақши муассири хешро бо иҷрои рисолати шарафмандона гузоранд. Ҳамчунин маърифати насли наврас ва ҷавони ҷумҳуриро дар заминаи илму дониш баланд бардоштан зарур аст. Ба ин восита бояд дар таъмини босуботи зиндагии шоистаи мардум ва амнияту истиқлоли давлатӣ саҳм гузорем.

Қобилҷон ХУШВАХТЗОДА,
президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 27, 2024 08:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 декабр, ҷумъа, 362-юмин рӯзи соли 2024 аст
Дар минтақаи таълимию таҷрибавии «Хуррамзамин» боғи интенсивӣ бунёд мешавад
Аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук дар Душанбе муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ пешгирӣ карда шуд
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 14 намоиш гузаронида шуд
Ҳавопаймои «Azerbaijan Airlines» дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард
Дар Душанбе масъалаи ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони маъюб баррасӣ шуд
«Рақам» барои Суғд. Чӣ тавр МегаФон Тоҷикистон интернети мобилиро дар минтақа рушд медиҳад?
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба 100-солагии мунаққиди тоҷик Соҳиб Табаров ҳамоиш баргузор шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон соҳиби 15 техникаи вазнин барои корҳои наҷот гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад