Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба парапланеризм барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат 1 май баргузор карда мешавад
ДУШАНБЕ, 27.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Санаи баргузории нахустин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба парапланеризм барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат дар Тоҷикистон ба 1 май гузаронида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи парапланеризм ва воситаҳои сабуки парвозии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Мусобиқаи байналмилалӣ дар доманакӯҳҳои ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи парапланеризм ва воситаҳои сабуки парвозии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, инчунин Корхонаи воҳиди давлатии хизматрасонии корпуси дипломатии «Дипсервис» доир карда мешавад.
Дар он зиёда аз 100 варзишгар аз давлатҳои Аврупо, Амрико, Арманистон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Беларус, Русия, Ҳиндустон, Қазоқистон, Туркия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Узбекистон ва Тоҷикистон байни худ қувваозмоӣ мекунанд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






