Масъалаи эътирофи баробарарзиши дипломҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва дараҷаву унвонҳои илмӣ байни Тоҷикистон ва Чин баррасӣ шуд

Апрель 19, 2024 16:10

ДУШАНБЕ, 19.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҳошияи Ҷаласаи ҳаштуми вазирони маорифи Созмони Ҳамкории Шанхай дар шаҳри Москва Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо вазири маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин Хуай Сизин Пэн вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ масъалаи эътирофи баробарарзиши дипломҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва дараҷаву унвонҳои илмӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Таъкид шуд, ки дар ин маврид лоиҳаи Созишнома байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҳоли коркард ва баррасии вазорату идораҳои дахлдори ду давлат қарор дорад.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо аз рушди босуръати ҳамкорӣ байни ду давлат дар соҳаи маориф ва илм изҳори қаноатмандӣ намуда, дар баробари ин ба сатҳи нав баровардани ҳамкориро таъкид доштанд.

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки ҷониби Тоҷикистон мақсад дорад, ки дар доираи баргузории конфронси якҷояи Тоҷикистон ва Чин таҳти унвони «Омӯзиши муносибатҳои таърихии дӯстӣ, ҳамсоягӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистон ва Чин» 50 нафар олимонро аз Чин  ба Тоҷикистон даъват намояд.

Тазаккур дода шуд, ки ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соҳаҳои илму маориф дар асоси Созишнома дар бораи ҳамкорӣ ва дӯстӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин аз 15 январи соли 2007 ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба роҳ монда шудааст. Дар айни замон дар муассисаҳои таҳсилоти олии Чин беш аз 2000 донишҷӯёни тоҷик таҳсил менамоянд.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 19, 2024 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд