МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар таркиби бодоми талх витамини B 17 мавҷуд буда, истеъмоли он ҳуҷайраҳои саратонро нест менамояд

Апрель 7, 2024 17:17

ДУШАНБЕ, 07.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бодоми талх барои табобати бисёр бемориҳо муфид буда, меваҳои кӯфтаи ин растанӣ бар зидди сулфаи дароз, ҳамлаҳои астматикӣ ва плеврит самаранок мебошанд. Тухми кӯфташудаи бодом баҳри камхунӣ, дарди сар ва дарди пойҳо кумак менамояд. Дар таркиби он витамини B 17 мавҷуд буда, ҳуҷайраҳои саратонро нест мекунад. Чунин иброз дошт директори Муассисаи давлатии «Маркази илмии тадқиқотии фармасевтӣ»-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Ахмедов.

Ба гуфтаи мутахассис, ҳамзамон дар таркиби мағзи бодоми талх 65,31 фоиз равған буда, он аз кислотаи глитсерини олеинат ва линовӣ таркиб ёфтааст. Инчунин бодом аз сафеда, гематин, сахароза, пентоза, моддаҳои луобӣ, витамини В2, гликозиди алмигдалин ва ғайра иборат мебошад.

Бодом чанд намуд мешавад?

Ба гуфтаи директори Муассисаи давлатии «Маркази илмии тадқиқотии фармасевтӣ», дарахти бодом дар табиат тақрибан 50 намуд буда, дар ҳудуди Тоҷикистон 5 намуди он маълум аст: бодоми бухороӣ (бодоми талх), бодоми одӣ, бодоми петунников, бодоми серхор ва бодоми вавилов.

«Ҳангоми ба таом илова намудани бодомҳои талхи бирёншуда  мазза ва накҳати он зиёд мегардад. Бодоми талх дар пок намудани пӯсти доғҳо ва доғҳои пирӣ хуб аст ва ҳангоми бо шароб омехта кардан мӯйҳои заъфро пурқувват ва сафедшавии онро пешгирӣ менамояд. Инчунин  ин ганҷи табиатро барои муолиҷаи захмҳо ва ҳамчун воситаи антисептикӣ истифода бурдан бамаврид аст. Тухми кӯфташудаи бодом ба камхунӣ, дарди сар ва дарди пойҳо кумак мерасонад», -иброз дошт мутахассис.

Инчунин ба андешаи Фарҳод Ахмедов, агар бодомро бо пӯсти тару тоза бихӯранд, ба ҳозима таъсири судманд мерасонад, холестиринро дар хун коҳиш медиҳад, донаи бирёншудааш барои дарди рӯдаҳо ва пешобҳои дарднок (дизурия) таъсир мерасонад.

«Дар табобати комплексӣ бо ризомаи бунафш равғани бодом барои тоза кардани гурдаҳо ва масона, майда кардани сангҳо нишон дода мешавад. Барои табобати қабзият ва дарди сар самаранок аст. Ҳангоми истифода бурдани бодомҳои талх, ки ба асал реза карда мешаванд, захми трофикӣ ва герпесро табобат мекунад. Умуман, бодомҳои талх нисбат ба бодомҳои ширин дар табобат муассиртар дониста мешаванд. Кӯфтаи баргу гули бодомро барои тоза намудани доғҳои пӯсти рӯю захмҳои чирку фасоддор ба кор мебаранд, инчунин дар тибби муосир оби бодоми талхро барои хуштамъ намудани доруҳо ва чун доруи оромибахш истифода мекунанд ва сабуси бодомро дар бахши косметика барои мулоиму пок кардани пӯсти рӯй аз доғҳо истифода мебаранд», -гуфт ӯ.

Равғани бодоми талх чӣ манфиат дорад?

Мутахассис тавсия медиҳад, ки истифодаи равғани бодоми талх барои молиш додани пӯст бо доғҳо ва захми хоб нишон дода шудааст.  Он инчунин барои садо, дарди гӯшҳо ва барои варамҳо муфид аст.

Равғани бодоми талх бӯи хушбӯй, хос ва каме ширини бодом дорад.  Таркиб аз кислотаҳои равғании муҳим, витаминҳои A, E  ва гурӯҳи B, фитостерол ва амигдалин бой аст. Равған дорои хосиятҳои ғизобахш, намноккунанда, нармкунанда, навсозӣ, барқароркунанда, оромбахш ва зидди илтиҳобӣ мебошад. Ин равған маҳсулоти беҳтарин барои нигоҳубини минтақаи нозук, борик ва ҳассоси атрофи чашм аст. Равғани бодом инчунин хусусияти исҳоловари сабук дорад ва аз ин рӯ онро барои муолиҷаи қабзияти рӯдаҳо тавсия медиҳанд. Равғани бодомро ҳамчун ҳалкунандаи камфора дар бахши сӯзандоруи зерипӯст истифода мебаранд.

Хосиятҳои шифоии бодом

Олим ва табиби маъруф Абӯалӣ ибни Сино бодоми кӯфта ё равғани онро барои табобати садо ва дарди гӯшҳо тавсия додааст. Мувофиқи маълумоти Абӯмансури Муваффақ, «агар бодоми талхро бо чарбуи буз бикӯбанд ва онро ба дандон монанд, ҳар дарде, ки бошад, шифо ёбад. Ҷӯшобаи бодоми талх барои дарди даҳон нек бошад ва мастро ҳушёр кунад».

Абӯалӣ ибни Сино дар китоб «Алвоҳия» хусусияти шифоии бодомро шарҳ дода, навиштааст, ки «равғани мағзи бодоми талх дар илоҷи ғуввосу виҷҷосзании гӯш муфид аст. Бодом барои илоҷи дарди фосидшавии бинӣ низ хуб мебошад».

Муҳаммад Ҳусайни Шерозӣ фармудааст, ки «бодоми шириндона узвҳои даруниро тоза карда, майнаро мустаҳкам менамояд. Агар онро бо набот истеъмол намоянд, биниши чашмонро хуб, организмро мулоим менамояд. Агар онро бо қанд истеъмол намоянд, ба диққи нафас, илтиҳоби пардаи болои шуш, хунтуфкунӣ ва ба захми рӯдаю масона фоида меорад. Мураббои аз бодом пухташуда  хусусияти хуби ғизоӣ дошта, одамро фарбеҳ мекунад ва барои гурда фоидаовар аст».

Дар тибби мардумӣ равғани бодом чун доруи оромибахш, зидиилтиҳоб, дардбанд ва балғамрон маълум аст. Бодомро барои муназзамсозии кори узвҳои ҳозима (меъда ва рӯда) ва муолиҷаи дарди гӯшу cap низ истифода мебаранд.

Мутахассис тавсия медиҳад, ки миқдори хӯрдани равғани бодоми ширин дар як рӯз то 50 г ва аз бодоми талх то 17,5 грам аст.

Истеъмоли зиёди он ба организм таъсири манфӣ мерасонад

Директори Муассисаи давлатии «Маркази илмии тадқиқотии фармасевтӣ» иброз дошт, ки истеъмоли зиёди мағзи бодоми талх (аз 10-15 дона зиёдтар) боиси заҳролудшавии организми инсон мешавад. Агар равғани бодоми талх барои истифода ягон зиддият надошта бошад, аз истифодаи меваҳои растанӣ бояд бо эҳтиёт кор гирифт. Ҳангоми вайрон шудани гликозид кислотаи гидросианий ба вуҷуд меояд, ки дар якҷоягӣ бо калий дар организм заҳри сахт-сианиди калийро ба вуҷуд меорад. Дар натиҷа фаъолияти ферментҳои нафаскашии бофта фалаҷ мешавад.  Сианидҳо ба меваҳо бӯи махсуси бодом медиҳанд.  Хӯрдани зиёда аз 30-40 дона бодом боиси заҳролудшавии шадид мегардад, ки метавонад марговар бошад.

Дар фармакопеяи бисёр мамлакатҳо меваҳои бодоми талх, равғани эфири бодом ва доруҳои растанигӣ ҷойи махсус доранд. Бодом дар якҷоягӣ бо дигар доруҳо барои пешгирӣ ва табобати бисёр бемориҳо истифода мешавад.

Хусусияти мухтасари фоиданокӣ  

Бодоми талх раванди пиршавии ҳуҷайраҳоро суст, пӯстро аз омилҳои манфии муҳити зист, аз ҷумла радиатсияи ултрабунафш муҳофизат карда, инчунин истеҳсоли равғанро ба эътидол меорад. Дар баробари ин, равандҳои илтиҳобиро қатъ намуда, устуворӣ ва чандирии пӯстро бармегардонад. Ҳамзамон таркиби мӯйро мустаҳкам, афзоиши солимии мӯй ва ҳамворшавии онро барқарор менамояд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар» 

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 7, 2024 17:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Темурмалик, Восеъ, Шамсиддини Шоҳин ва шаҳри Кӯлоб бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон иншооти таъйиноти гуногун ифтитоҳ гардид
Дар Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» оғоз гардид
Дар Тоҷикистон барои муайян кардани иллатҳои ирсии модарзод табодули таҷриба анҷом дода шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои бо ангишт гарм кардани хонаҳо аз бухории махсус бояд истифода намуд
Ҳайати Тоҷикистон бо раванди навсозии хизматрасонии давлатии Молдова шинос гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси шарҳи Конвенсияи СММ дар Камбоҷа иштирок дорад
Дар Тоҷикистон амалиёти навбатии «Муоинаи техникӣ» гузаронида мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Мастчоҳ кӯдакистон, Қасри ҷавонон ва бинои нави беморхона ба истифода дода мешавад
«БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҲУНАРМАНД». Таҳти ин унвон озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Парчами давлатӣ рамзи қудрату тавонмандӣ ва сарҷамъии миллат аст
ЗЕРИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ МУТТАҲИД ГАШТАЕМ. Андешаҳо дар ин мавзуъ