Муносибатҳои Тоҷикистон ва Туркманистон рушд меёбанд

Апрель 4, 2024 14:21

ДУШАНБЕ, 04.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо сиёсати созандаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати ояндадори «Дарҳои боз» тавонист фазои дӯстона ва муносибатҳои густурда бо мамлакатҳои ҳампаймон ва ҳамрадифашро барқарор намояд.Аз ҷумла, Тоҷикистон бо Туркманистон шарикии стратегӣ ва ҳамкории густурдаро дар соҳаҳои гуногун барқарор намудаанд. Маҳз дӯстиву бародарии роҳбарони ин ду мамлакат аст, ки робитаҳои давомдор ва ҳамкории мутақобилан судманд дар низоми давлатдории ин ду мамлакат мустаҳкаму устувор гардидааст. 

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон риштаи дӯстиву бародариро бо собиқ Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов оғоз намуда, дар заминаи ин ҳамкориро тақвият бахшиданд.

Муносибатҳои сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамчун ду давлати мустақил аз 27 январи соли 1993 бо имзои Протокол «Дар бораи барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Туркманистон» шуруъ шуданд.

Ҳамзамон моҳи феврали соли 1995 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ашқобод ва 26 июни соли 1999 Сафорати Туркманистон дар Душанбе ба фаъолият оғоз намуд. Дар заминаи ин ҳамкории густурдаи ду мамлакат то ин ҷониб 110 санаду қарори шартномавӣ ба танзим даромадаанд. Дар ин росто 20 августи соли 2018 дар минтақаи миллии сайёҳии «Аваза»- и шаҳри Туркманбошӣ ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои муассиси Хазинаи Байналмилалии наҷоти Арал шуд, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин мамлакати ҳампаймон аъзои кулли созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, аз ҷумла: Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ЮНЕСКО, СҲИ, ТRACECA, С5 +1, ИА + Осиёи Марказӣ, Ҷопон + Осиёи Марказӣ, Ҷумҳурии Корея — Осиёи Марказӣ, Ҳиндустон — Осиёи Марказӣ, Осиёи Марказӣ – Чин буда, ҳамзамон дар масъалаҳои вобаста ба Афғонистон бо як мавқеъ баромад менамоянд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳалли мушкилоти обии сайёра яке аз мамлакатҳои пешсаф мебошад, Туркманистон ба ҷонибдории ҷумҳурии мо овоз дода, ташаббусҳои Роҳбари давлати моро эътироф намудааст. Ҳамин тавр рушду муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Туркманистон зина ба зина тақвият меёбанд.

Тоҷикистон ҳамчун мизбони панҷумин машварати сарони давлатҳо ва ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои муассиси Хазинаи Байналмилалии наҷоти Арал зери раисии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баромад намуд. Дар ин ҷаласа роҳбари Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов иштирок намуда, ба ҷониби Тоҷикистон овоз дод.

Бо ташаббуси роҳбарони ду мамлакат дар шаҳри Душанбе 3 апрели соли 2024 Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд. Дар робита ба ин Пешвои миллии халқи туркман, Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов субҳи имрӯз ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

Бо таҳкими дӯстиву бародарӣ дар оянда муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Туркманистон густариш ёфта, дар низоми сифатан нав тақвият меёбанд.

Муҳаммад АМИНЗОД,
 котиби матбуоти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Апрель 4, 2024 14:21

Хабарҳои дигари ин бахш

БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
НӮШОКИҲОИ ЭНЕРГЕТИКӢ ВА ТАЪСИРИ МАНФИИ ОНҲО БА САЛОМАТИИ ИНСОН. Андешаҳо дар ин маврид
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Конститутсияи Тоҷикистон меъёрҳои рафтор, ҳуқуқу уҳдадориҳо ва масъулияти шаҳрвандиро муқаррар менамояд
КОНСТИТУТСИЯИ ТОҶИКИСТОН-ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ ВА ЗАМИНАИ РУШДИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Андешаҳои Қобилҷон Хушвахтзода дар ин маврид
Конститутсияи Тоҷикистон барои ҳифзи табиат ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ заминаи ҳуқуқӣ ва бунёдӣ фароҳам овард
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Исломиддин Раҳмон: «Омӯзиши Конститутсия ба баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ мусоидат менамояд»
Дилором Абдураҳимзода: «Занон дар таҳкими ҳокимияти судӣ ва таъмини адолати судӣ саҳми арзанда мегузоранд»
Қабули Конститутсия марҳалаи муҳимми рушди давлатдории муосири тоҷикон аст
Конститутсия-пояи давлатдории миллӣ ва кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд
Конститутсия барои ташаккули ҷомеаи ҳуқуқбунёд заминаи асосӣ мебошад