Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми ташкилоти кор бо ҷавонони аъзои ИДМ дар шаҳри Тошканд иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 18.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон Форуми ташкилоти кор бо ҷавонони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар он ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази таҳлил ва иттилооти кумита хабар медиҳад.
Дар кори форум роҳбарияти мақомоти ваколатдори давлатии кор бо ҷавонони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, намояндагони ташкилоти кор бо ҷавонони ин давлатҳо иштирок намуда, дар бахшҳои “Таҳсилоти босифат ва илм ҳамчун яке аз захираҳои муҳими таъмини рушди иқтисодӣ ва рушди инноватсионии давлат”; “Волонтёрӣ ҳамчун феномени иҷтимоии ҷомеаи муосир”; “Масъалаҳои экологии глобалӣ ва роҳҳои ҳалли он” фаъолона иштирок намуданд.
Ҳамзамон вобаста ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, шуғлнокии ҷавонон, омӯзиш ва ташаббусу иқдомоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти амалишавии сиёсати давлатии ҷавонон ва амалишавии муносибатҳои дуҷониба, бисёрҷониба ва ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти сиёсати давлатии ҷавонон дар минтақа ва ҷаҳон ибрози назар карда шуд.
Гуфта шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, иқдому ташаббусҳои ҷавонон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ ва мавриди амал қарор дода мешаванд. Ҳамзамон масъалаи дастгирии ҷавонон ва талошҳои насли ҷавони мамлакат аз ҷониби иштирокчиён баҳои баланд гирифт.
Дар фарҷоми форум чорабинии фарҳангӣ бо иштироки сарояндагон ва гурӯҳҳои рақсӣ доир шуд.
Ҳамзамон дар Боғи Янги Узбекистон ҳайати Тоҷикистон бо дигар иштирокчиён дарахти дӯстӣ шинонид.
Дар доираи форум иштирокчиён бо марказҳои инноватсионӣ, IT парк, мактаби махсус барои равияи тиб, Боғи Ғалаба ва китобхонаи калони шаҳри Тошканд шинос шуданд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд
Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Дар Душанбе иди бостонӣ ва миллии мо-Меҳргон бо шаҳомати хосса доир мегардад
Намояндагони Суди Олии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд
Оид ба стратегияи ҳамкории Тоҷикистон ва Корея машғулияти академӣ доир шуд
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бостоншиносӣ» баррасӣ гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд






