Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди Маҷмаи Умумии СММ оид ба нақлиёти устувор иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 19.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат дар чорабинии сатҳи баланди Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба нақлиёти устувор, ки дар доираи Ҳафтаи устувори Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид баргузор мегардад, иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар медиҳад.
Намояндаи доимии Тоҷикистон аҳаммияти низоми нақлиёти устуворро, ки дар пешбурди рушди иқтисодӣ, густариши занҷирҳои ҷаҳонии таъминот, тақвияти ҳамкории байналмилалӣ ва пешбурди имконияти баробар дар кишварҳои камтараққикарда, кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ ва кишварҳои хурди ҷазиравии рӯ ба тараққӣ (LDC, LLDC, SIDS), бавижа раванди татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор нақши муҳим дорад, таъкид кард.
Инчунин Ҷонибек Ҳикмат оид ба имконияти нақлиётии Тоҷикистон, аз ҷумла мавҷудияти якчанд долони бузурги соҳа, ки тавассути қаламрави мамлакат баҳри табодули тиҷоратӣ ва иқтисодӣ, пешбурди робитаҳои минтақавӣ ва рушди устувор, ки бевосита дар татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи дарпешистодаи СММ оид ба нақлиёти устувор, солҳои 2026-2035 мусоидат мекунанд, иттилоъ дод.
Ҳамзамон зарфияти устувори экологӣ дар мамлакат, тавлиди энергияи тоза, истифодаи технологияҳои рақамӣ, инчунин ҷорӣ намудани барномаҳои мухталифи ин самтҳо дар саросари мамлакат таъкид гардид.
Ҳафтаи устувор бо ташаббуси Президенти Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ташкил гардида, зимни он, ки 15 апрел шуруъ шуда, 19 апрел ба анҷом мерасад, силсилачорабиниҳои сатҳи баланд дар бахшҳои муҳим, аз ҷумла сайёҳӣ, инфрасохтор, энергетика ва нақлиёт баргузор мегарданд.
АКС: Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид








Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид






