Наваскарони ноҳияи Спитамен бо дуои модарон ба хизмати Ватан рафтанд

Апрель 3, 2024 12:00

СУҒД, 03.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. 70 ҷавони ватандӯсти ноҳияи Спитамен барои иҷрои қарзи шаҳрвандӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб шуданд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба  хадамоти матбуоти Раиси  вилояти Суғд хабар медиҳад, дар ноҳияи Спитамен бахшида ба оғози мавсими даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи даъватшаванда доир гардид.

Иброз гардид, ки ҷавонон бояд ҳамеша дӯстдори Ватану сарзамини аҷдодӣ бошанд ва ҳеҷ гоҳ ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, марзу буми ҷумҳуриамонро мардонавор ҳифз намоянд.

Сарбози қаторӣ Алимардон Алимардонзода бо шукргузорӣ аз фазои ором ва суботи сиёсии мамлакат хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро хизмат ба Модар ва шараф унвон намуд.

Дар фарҷоми чорабинӣ барномаи рангини консертӣ пешниҳод гардид.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси  вилояти Суғд

Апрель 3, 2024 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид