Наваскарони ноҳияи Спитамен бо дуои модарон ба хизмати Ватан рафтанд
СУҒД, 03.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. 70 ҷавони ватандӯсти ноҳияи Спитамен барои иҷрои қарзи шаҳрвандӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб шуданд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, дар ноҳияи Спитамен бахшида ба оғози мавсими даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи даъватшаванда доир гардид.
Иброз гардид, ки ҷавонон бояд ҳамеша дӯстдори Ватану сарзамини аҷдодӣ бошанд ва ҳеҷ гоҳ ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, марзу буми ҷумҳуриамонро мардонавор ҳифз намоянд.
Сарбози қаторӣ Алимардон Алимардонзода бо шукргузорӣ аз фазои ором ва суботи сиёсии мамлакат хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро хизмат ба Модар ва шараф унвон намуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ барномаи рангини консертӣ пешниҳод гардид.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд









Дар Душанбе Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар Душанбе Вохӯрии сеюми котибони шуроҳои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Хоруғ даври вилоятии мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
«ШАҲРИ ҲУШМАНД». Дар Душанбе насби чароғакҳои замонавӣ оғоз гардид
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 89,1 фоиз иҷро шуд
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалӣ доир ба мубориза бо маводи нашъаовар иштирок намуд
ПАСТ КАРДАНИ ХАВФИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Беш аз 60 миллион сомонӣ барои ҳифзи минтақаҳои осебпазир ҷудо гардид
Дар Хатлон мубориза бар зидди зуҳуроти номатлубу хатарнок пурзӯр карда мешавад
ФАРЗАНДОНРО АЗ ТАҲСИЛ МАҲРУМ НАКУНЕД! Дар Душанбе беш аз 40 ҳолати монеъ шудан ба таҳсил ошкор карда шуд
Изҳороти Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
«ҲАМКОРӢ–2026». Дар Хатлон машқҳои муштараки стратегӣ гузаронида шуданд






