ОБОДОНӢ ДАР МАҲАЛ. Дар Ҷамоати деҳоти Кӯлоб пули нав ба истифода дода мешавад

Апрель 14, 2024 11:50

КӮЛОБ, 14.04.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Пахтакори Ҷамоати деҳоти Кӯлоб пули нав ба истифода дода мешавад. Тавре ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб хабар доданд, мардуми деҳаи Пахтакор аз надоштани пул танқисӣ мекашиданд. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, соҳибкорон ва шахсони хайрхоҳу саховатпеша дар деҳа пули нав сохта шуд, ки рӯзҳои наздик ба истифода дода мешавад. Ҳамчунин зиёда аз 1 км роҳ сангфарш карда мешавад.

Зимни шиносоӣ бо ҷараёни сохтмони пул роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба соҳибкорон барои татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ баён намуданд.

Бояд гуфт, ки бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб корҳои созандагию бунёдкорӣ бо маром идома доранд. Соҳибкорону шахсони саховатпеша бо бунёду навсозии роҳу пулҳо талош доранд дар ободии як гӯшаи диёр саҳм гузоранд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 14, 2024 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад