Одил Рено-Бассо: «Ҳамкории Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд ва Тоҷикистонро метавон ҳамчун ҳамкории шарикӣ арзёбӣ намуд»
ДУШАНБЕ, 29.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Президенти Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд хонум Одил Рено-Бассоро ба ҳузур пазируфтанд.
Пас аз мулоқот Одил Рено-Бассо дар нишасти хабарӣ бо иштироки хабарнигорони дохиливу хориҷӣ оид ба натиҷаи суҳбат сухан гуфт.
Иттилоъ дода шуд, ки дар мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афзалиятҳои стратегии мамлакат ва мусоидати Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд дар самти тағйирёбии иқлим, дастгирии рушди соҳибкорӣ ва бахши хусусии маҳаллӣ, рақамикунонӣ, ҳамгироии минтақавии иқтисоди миллӣ ва тақвияти иқтидори содиротии «энергияи сабз» баррасӣ гардиданд.
«Соли гузашта Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд 30-солагии фаъолияти худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифт. Ман шодам, ки дар Тоҷикистон қарор додам ва имрӯз шоҳиди натиҷаҳои фаъолиятамон гардидам, — гуфт Одил Рено-Бассо. — Мо бо мақомоти марказию минтақавӣ ва бо ҷомеаи соҳибкорӣ ҳамкории хуб дорем».
Президенти Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд таъкид намду, ки Бонк яке аз бузургтарни сармоягузорон дар Тоҷикистон аст ва бахшҳои энергетика, об, нақлиёт, бонкдорӣ ва соҳобкории хурду миёнаро дастгирӣ намудааст.
«Тавре ман ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштам, ҳамкории моро метавон ҳамчун ҳамкории шарикӣ арзёбӣ намуд», — тазаккур дод Одил Рено-Бассо.
Гуфта шуд, ки дар доираи ин сафар Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд тасмим дорад, ки якчанд лоиҳаи қарздиҳии «сабз»-ро дар доираи Нақшаи чорабиниҳои «Шаҳри сабзи Душанбе» ва дастгирии соҳибкорӣ ва савдои занон ба имзо расонад.
Изҳори итминон карда шуд, ки дар оянда шартномаҳои бештар, ки ба беҳтарсозии ҳаёти мардум ва дастгирии рушди устувори Тоҷикистон нигиронида шудаанд, ба имзо мерасанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҳавопаймои хатсайри Душанбе–Минск бо маросими анъанавӣ истиқбол гирифта шуд
Покистон тасмим гирифтааст, ки ҳамкориро бо Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ густариш диҳад
Моҳи сентябр дар Тоҷикистон панҷумин Форуми Осиёи Марказӣ оид ба пиринг ва пайвастшавӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ АНГИШТКАНОН. Истихроҷи ангишт то ба 3 миллион тонна расонида мешавад
Дар хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон»-и шаҳри Турсунзода мавсими тайёр кардани мавиз оғоз гардид
Рақамикунонӣ — омили муҳими рушди бехатарии озуқаворӣ дар сарҳад ва нақлиёт
Ширкати «Жонгшан»-и Чин дар Тоҷикистон ҳавзҳои муосири моҳидорӣ бунёд менамояд
«РОҒУН» — РАМЗИ ҚУДРАТИ ЭНЕРГЕТИКИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Ҷиҳати пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ ҷаласа баргузор гардид
«СИЁСАТИ НУРАФЗО». Таҳти ин унвон доир ба нақши Пешвои миллат дар рушди соҳаи энергетика китоби нав ба нашр расид
Татбиқи ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо ва криосфера дар Душанбе баррасӣ шуд
Имрӯз парвози мустақим дар хатсайри Душанбе–Минск оғоз гардид






